Ҳаромхиштак
Маро ба писари ҳамсояаамон доданд. Шомурод дар тӯйи ман наомад ва апаамро ҳамроҳи Парвизча танҳо фиристод. Апаам бо хаёли парешон, харобу хазон бо либосҳои нимдошт, омада буд. Ростӣ дилам ба апаи нозанинам, ки ба доми як таърифаки худкомаи бераҳм афтида буд сӯхт ва барояш беҳтарин либосамро бароварда додам.
Тӯйи ман бо хурсандӣ гузашт, апаам ду рӯзи дигар дар деҳа монданӣ буд, аммо писараки сесолааш бемор шуду ӯ бегоҳи ноилоҷ роҳи пойтахтро пеш гирифт. Акаи табибам ба ӯ доруву дармон фармуда бошад ҳам, апаам шояд боду ҳаво иваз шуду бачаҳакам касал шуд гуфта рафт…
Баъд аз рӯи нақли апаам фаҳмидам, ки ҳамон шаб дер ба хона мерасаду Шомуроди ҳаромхиштакро бо як духтараки ҷавон дар бистари хобашон мебинад. Шомурод ба ҷойи узр пурсидан, апаамро зери мушту лагат мегирад, ӯро бо дасти шикаставу пардаи гӯши дарида ба беморхона мебаранд ва ӯ дигар ба хонааш барнамегардад. Ариза дода аз суд ҷудо мешаваду ҳамроҳи писараш ба хонаи иҷора мекӯчад, шавҳари номардаш, ҳатто тилловориву куртаҳои ӯро намедиҳад, дар хонае, ки 99 фисади пулашро Шаҳноз пардохта буд бо зани наваш зиндагӣ оғоз мекунад. Ба бахти Шаҳноз шавҳари маро ба пойтахт ба кор даъват карданду ман ҳамдаму ҳамрозаш шудам, писаракашро нигоҳ мекардам ёрияш медодам.
Шаҳноз бемор шуд, як соли дароз ба табобат машғул буд, вале оҳиста-оҳиста ба худ омаду акнун мегуфт, ки хуб шуд, ки аз ҳамон ҳаромхиштак ҷудо шудам. Пас аз ҷудо шудан аз Шомуроди таърифак зиндагии апаам ҷараёни нав гирифт, ӯ дар зинаҳои мансаб боло рафту дар як муддатии кӯтоҳ соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳр...
Шок
Бо гузашти се сол апаам соҳиби зиндагии шоистае гашт. Хушдорони зиёде дошт, аммо шавҳар намекард. Дар хонаи панҷҳуҷрагии хушҷиҳоз, ҳамроҳи Парвиз, ки акнун дастёраш шуда буд зиндагӣ мекард. Мошину як тиҷорати хурд ҳам дошт. Ман соҳиби ду духтарча шудам, ки апаам онҳоро зиёд дӯст медошт. Шавҳарам ба сафари хидматӣ рафту ман Шаҳлову Шифоямро гирифта хонаи холаҷонаш рафтам, рӯзи якшанбе буду Шаҳнозу Парвиз якҷоя хона тоза мекарданд. Апаам ёрдамчӣ дошт, вале як ҳафта боз бемори зукком будааст. Ман ҳам ҳамроҳи онҳо ба тамиз кардани хонаҳо сар кардам, дар ду соат ба қавли апаам «уборкаи генерали»-ро ба охир расондем апаам аз як тарабхона хӯрок фармоиш доду худаш ба оро додани дастархон шурӯъ кард.
Ман то омадани хӯрок пушти дарро мерӯбам гӯён ба подезд баромадаму гилемчаи пушти дари апаамро гирифтам то онро афшонам, аз зери он сурати дар зери чангу хок мондаи Шомурод баромад. Ман онро гирифта аз назар гузаронидам, ки чашмону даҳону баданаш сӯзан задагӣ буд. Ростӣ тарсидам, онро ба ҷояш гузоштаму пеши дарро ҷоруб зада хона даромадам, зеро дар як филм дида будам, ки ба ин васила шахсро ҷоду мекунанд. Дасту рӯямро шӯста ба сари дастурхон гузаштам, дар ҳолати шок қарор доштам. Ҳамин вақт апаам гуфт:
- Шомурод бемор шудаасту дина занаш омадааст, ки иҷозат деҳ Парвизро бинад, ман ӯро аз пеши дар рондам.
- Чӣ бемор шудааст?
- Пурсидам ман. Сактаи дил шудаасту парешонхотир гаштааст, пойҳояш низ аз кор мондаанд, дар баданаш ҳар гуна захмҳо баромаданд. Аз зани наваш фарзанд надоштааст, апаҷон, гапи Шаҳнозро буридам ман, бояд иҷозат медодӣ.
Апаам аз ғояти ғазаб суп-сурх шуда гуфт:
- Худо ӯро зад, маро бадбахт карду ба ғазаби Худо гирифтор шуд, акнун ба хоки пойи ману фарзандам зор аст. Ман як тора мӯйи Парвизро нишонаш намедиҳам.
Он шаб дар хонаи апаам мондам, ҳарчанд гуфтам, ки Парвизро пеши падараш бар розӣ нашуд.
Инак як моҳ мешавд, ки сурати сӯзанзадаи язнаи собиқам, ки имрӯз бемору бистарист пеши назарам меояд. Чӣ гуна ба апаам гӯям, ки ин кораш нодуруст аст, бигузор гуноҳи язнаамро бахшаду ҷодуяшро кушояд, Парвизро пеши падараш барад. Ҳар кӣ бад кардааст, ҷазояшро Худо медиҳад…
БАНОЗ
Таснифи Нисо Холид