sebiston july new
Оҳи падарам Баҳромро гирифт!
09.06.2020
Р. Азимӣ
4232

 

Гапи падарам бо бародарам Баҳром гурехту даст ба гиребон шуданд. “Оқи падар мешавӣ Баҳром, гиребони падарамро сар деҳ” гӯён, ҷонҳавл падару писарро аз ҳамдигар ҷудо кардан мехостам, вале зӯрам ба онҳо намерасид. «Ту ҳамсари маро ҷалаб мегӯӣ?!

Фарзандони маро ҳаромӣ гуфтӣ?!» гӯён, бародарам бераҳмона ба сару рӯи падарам мушт мезад. Ҳамсояҳоро ба ёрӣ ҷеғ зада, базӯр падарамро аз чанголи писараш халос кардам. Мӯйсафед даст сӯйи осмон бардошта фиғон кашид: “Аз баҳри ту барин фарзанд гузаштам! Оқат кардам! Оқ!” Баҳромро милааш хам нахӯрд, ба ҷойи он, ки бахшиш пурсад, лабашро инҷ карда «Аз ту барин падар доштан надоштанам беҳ» гӯён, кӯчу банд ва зану бачаҳояшро гирифта аз хонаамон баромада рафт. Хона ба мотамсаро мубаддал гашт. Модарам, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, зор-зор гиря карда, сару рӯйи хунолуди падарамро пок менамуд. Мӯйсафед ҳанӯз писарашро дуоҳои бад карда, худоро зорӣ менамуд, ки ҷазои муштзӯрро диҳад. Пас аз ин воқеа аз байн як сол гузашту бародарам дигар пою қадамашро ба хонаамон намонд. Модарам набераҳояшро ёд карда, гоҳ-гоҳ аз падарам пинҳонӣ ба хонаи писараш ба аёдат мерафт. Тақрибан якуним сол пас хабар расид, ки Баҳром ба садама афтидааст.

Модарам гирёну нолон ба беморхона шитофт. Духтурон ҳолати бародарамро ба модарам фаҳмонда гуфтанд, ки ҳарду пояш маҷақ шудаасту роҳи ягонаи наҷот додани Баҳром аз марг, буридани пойҳояш аст. Ин хабар модарамро бе корд кушт. Ман, ки ҳамроҳаш будам, манзараи ҷанги бародарам Баҳромро бо падарам ба ёд оварда, зери лаб пичиррос задам: Дуои падарам Баҳромро гирифт, очаҷон!

Духтурон пойҳои бародарамро буриданд. Ҳоло Баҳром хору зор бо аробачаи маҷруҳӣ мегардад ва аз карда садҳо бор пушаймон аст, вале дигар аз оби дида рехтану бахшиш пурсидани бародарам суде нест. Барои он ин воқеаро рӯйи коғаз овардам, ки ба дигар фарзандон дарси ибрат шаваду ҳеҷ гоҳ гиребони падарро нагиранд.

Лайло, аз Данғара

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД