Таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи навбатӣ оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти ғайридавлатӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазир зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бахши хусусӣ дар соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, шумора ва сатҳи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ афзуда, саҳми онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф назаррас мебошад.
Таъкид гардидааст, ки муассисаҳои хусусӣ ҳамчун бахши ҷудонашавандаи низоми ягонаи маориф бояд фаъолияти худро пурра мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ва стандартҳои давлатии таҳсил ба роҳ монда, сифати таълим, сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рушди касбии омӯзгорон дар меҳвари фаъолияти ҳар як муассисаи таълимии хусусӣ қарор дошта бошад.