Оид ба таҳлилу баррасии вазъи бемории сил ҷаласаи корӣ баргузор гашт
16.12.2025
Oila.tj
125

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи бемории сил дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир гашт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷаласаи корӣ роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳа ширкат намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва ташхису табобати бемории сил дар мамлакат ёдовар шуда, қайд кард, ки маҳз дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ давоми солҳои охир шумораи гирифторони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД