35 years of independency
Охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешбинӣ шудааст
14.05.2025
Oila.tj
908

Аз 14 то 17-уми майи соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешбинӣ шудааст. Дар баъзе минтақаҳо шамол шиддат мегирад ва ҳарорати ҳаво дар баъзе ҷойҳо метавонад ба 41°C расад.

Дар вилояти Суғд ин ҳафта боришот нест, вале ҳаво каме абрнок аст. 17-уми май дар минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Шамол дар самти шарқ 49 м/с, дар баъзе ҷойҳо то 15 м/с мевазад. Ҳарорат шабона дар водиҳо аз +18 то +23°, рӯзона то +33, +38° мешавад. Дар кӯҳҳо шабона аз +6 то +11°, рӯзона аз +23 то +28°хоҳад буд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво гоҳ-гоҳ абрнок ва хушк мешавад. Шамол дар самти шарқ 49 м/с ва 17-уми май он то 15-20 м/с зиёд мешавад. Ҳарорати шабона дар водиҳо аз +19 то +24° ва рӯзона то +36…+41° хоҳад буд. Дар кӯҳҳо шабона +15+20°, рӯзона +27+32°хоҳад буд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боришот нест. Шамол дар самти шарқ 49 м/с. Ҳарорат шабона дар водиҳо аз +18 то +23°, рӯзона то +33…+38°. Дар кӯҳҳо шабона аз +10 то +15°, рӯзона аз +28 то +33° мерасад.

Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда буда, дар ин рӯзҳо боришот пешгӯӣ нашудааст. Шамол дар самти шарқ, 7-12 м/с. Ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона аз +8 то +13°, дар баъзе ҷойҳо то +16+18°, рӯзона аз +24 то +29°, дар баъзе ҷойҳо то +32+34°. Дар шарқ шабона аз -2 то +3°, дар рӯз аз +13 то +18° хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешбинӣ шудааст
goodwell
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси