Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» маросими ҳавасмандсозии ғолиби Олимпиадаи байналмилалии фанҳои табиатшиносӣ International Junior Science Olympiad - IJSO-2025 баргузор гардид.
Дар маросими ҳавасмандсозӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва дигар шахсони масъул иштикор намуданд.
Аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм Каримзода Равшан Азам хонандаи Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе Артём Батрудинов, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи бонуфуз бо муваффақият намояндагӣ намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардидааст, бо сипоснома қадрдонӣ шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорону мураббиён, устоди роҳбарикунанда Умаров Руҳулло барои омодасозии хонандаи лаёқатманд ва саҳми арзандааш дар расидан ба ин дастоварди байналмилалӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Муовини вазир зимни суханронӣ зикр кард, ки дастоварди Артём ва заҳмати омӯзгоронаш натиҷаи талошҳои пайваста, кори дастаҷамъона ва дастгирии давлату Ҳукумат аз истеъдодҳои ҷавон мебошад.