sebiston july new
Ғолибияти аввалин хонандаи тоҷики синфи 8 дар “IMO 2023”
334

Олимҷон Тухтаров, хонандаи синфи 8 - и филиали муассисаи таълимии хусусии Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.”-и шаҳри Ҳисор, узви маҳфили "Математикони ҷаҳон"-и Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 64 - умин Озмуни ҷаҳонии математикӣ (International Matematical Olympiad 2023) медали биринҷиро ба даст овард. Дар ин бора Умед Сафарзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба сомонаи “Оila” хабар дод.

“Ин бори аввал аст, ки хонандаи синфи 8-ум дар Олимпиадаи умумиҷаҳонӣ “IMO 2023”, аз байни беҳтарин донандагони фанни математикаи 112 кишвари дунё, сазовори ҷойи сеюм гардид”,-иброз дошт манбаъ.

Ёдовар мешавем, олимпиадаи мазкур рӯзҳои 2-13-уми июли соли равон дар шаҳри Тибаи Ҷопон доир гардид, ки дар он зиёда аз 600 толибилм аз саросари ҷаҳон ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар ин сабқат 6 нафар, аз ҷумла 3 хонандаи литсейи машҳури “Ҳотам ва П.В.” (филиали Ҳисор) ва 3 нафар аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.

Натиҷаи бадастовардаи хонадагони тоҷик дар Олимпиадаи умумиҷаҳонӣ “IMO 2023”:

  • Олимҷон Тухтаров - медали биринҷӣ
  • Машрафҷон Иномов - ҷойи ифтихорӣ
  • Эраҷ Сабиров - ҷойи ифтихорӣ
  • Меҳрубон Ситамов - ҷойи ифтихорӣ
  • Аниса Буриева - ҷойи ифтихорӣ
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД