arzon replenishment
Ғолибияти ду хонандаи тоҷик дар Лондон
278


Омина Худойқулова ва Абубакри Ҳофиз давоми рӯзҳои 18 то 25-уми июн дар олимпиадаи байналмиллалии "Тинигл" аз фанни забони англисӣ ширкат карда, ғолибият ба даст оварданд.

 

Дар ин хусус хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар дод.

Ба иттилои директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҳикматулло Ҳакимов олимпиадаи байналмиллалии "Тинигл" дар шаҳри Лондони Британияи Кабир доир гардид, ки имсол дар он ду нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон иштирок карда, донишу маҳорати худро санҷиданд.

 


Аз ҷумла, хонандагон Омина Худойқулова, хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Восеъ ва Абубакри Ҳофиз, хонандаи синфи 10-и литсейи №2-и шаҳри Кӯлоб ширкат намуданд. Ҳарду нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тавонистанд, ки ғолибият ба даст оварда, ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намоянд.

Ёдовар мешавем, Омина Худойқулова маротибаи дуюм аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ ширкат карда, Тоҷикистонро миёни ҷаҳониён бо донишу маҳорати баландаш муаррифӣ мекунад. Абубакри Ҳофиз бо аввалин иштирок ҷойи сеюмро соҳиб гашт, ки беҳтарин дастовард мебошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД