sebiston july new
Олимон аз уқёнуси Ором 5000 махлуқи нав пайдо карданд
438

Олимони Идораи миллии уқёнусҳо ва атмосфераи Иллоёти Муттаҳидаи Амрико дар минтақаи Кларион-Клиппертон дар қаъри уқёнуси Ором беш аз 5000 намуди ҳайвоноти гуногунро муайян кардаанд.

Ин минтақаи азим дар байни Ҳавайӣ ва Мексика дар чуқурии тақрибан 6 км ҷойгир аст.

Гуфта мешавад, ки биологҳо тайи чанд сол бо истифода аз наклиёти зериобй ин мавзеъро фаъолона меомӯзанд. Сабаб дар он аст, ки минтақаи мазкур аз кобалт, никел ва дигар маъданҳои фоиданок бой аст ва шояд ба зудӣ барои корпоратсияҳои маъдан дастрас шавад.

Муҳаққиқон мегӯянд 90 дарсади ҳайвонҳои ёфтшуда қаблан дида ё омӯхта нашудаанд ва аксарияташон ҳатто ном надоранд.

Назар ба гуфти олимон яке аз ҳайвонҳои баҳрие, ки кашф шудааст, ба "санҷоби мармеладгуна" шабоҳат дошта, дорои думи азим мебошанд. Бархе дигари онҳо ба тортанакҳо, ҳайвонҳои сутунмӯҳрадор, кирми баҳрӣ ва исфанҷҳо монанданд.

Олимон амалиётҳоро тавассути пайванди видеоӣ мустақиман аз қаиқ тамошо кардаанд. Онҳо барои омӯхтан ва ҷамъоварии намунаҳо аз қабати уқёнус мошинҳои идорашавандаро барои тай кардани қаъри баҳр аз 4000 то 6000 метр поён фиристодаанд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД