Ман тоҷир ҳастам ва аз маблағҳои шахсиам масҷиди маҳаллаамонро таъмиру бозсозӣ кардам. Чизҳои куҳнаи масҷид, яъне қолину кӯрпача, ҷевонҳо ва ғайраро чӣ кор кунем? Онро ба ниёзмандон тақсим кунем ё тақсими вақф мумкин нест?
Ҳоҷӣ АНВАР, н. Сангвор
Посухи домулло Хомӯшӣ:
- Бале, интиқол ва тақсим кардани вақф ҷоиз аст, агар дар ин кор маслаҳати бештар бошад. Агар масҷид ба чизе ниёз надошта бошад, ба монанди қолин, ҷевон ва ғайра, агар имконият бошад, ҳамон чизро ба дигар масҷид, ки ба ин чизҳо ниёз дорад интиқол диҳед. Агар чунин имконият набошад, он чизҳоро фурӯшед ва пулашро барои масҷид сарф кунед. Агар ба ин ҳам зарурат набошад, бо розигии намозгузорон ба ниёзмандон тақсим кунед.