goodwell
Ҷоми Президенти Тоҷикистон ба шатранҷбози эронӣ расид
50

Ҷоми Президенти Тоҷикистон ба шатранҷбози эронӣ расид

Шатранҷбози ҷавони эронӣ Муваҳҳид Сино ғолиби мусобиқаи байналмилалии шатранҷи «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» гардид. Ӯ барои пирӯзӣ ҷоизаи асосӣ - 10 ҳазор доллари амрикоиро ба даст овард.

Мусобиқа пас аз баргузории 9 даври рақобат ҷамъбаст шуда, дар он 43 иштирокчӣ дар бахшҳои гуногун соҳиби ҷоиза шуданд. Ҳаҷми умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор долларро ташкил медод.

Дар гурӯҳи «А» Максим Тимошин ва Артём Пингин, ки зери парчами Федератсияи байналмилалии шатранҷ баромад мекарданд, ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд. Меҳриддин Шарифов беҳтарин шатранҷбози Тоҷикистон дар ин гурӯҳ эътироф шуд.

Дар гурӯҳи «В» намояндаи Қазоқистон Одиҷон Есенгали мақоми аввалро касб кард. Шатранҷбози тоҷик Пайрав Қодирӣ соҳиби медали нуқра ва Шаҳромбек Каримов аз Ӯзбекистон барандаи медали биринҷӣ гардиданд. Сӯҳроб Ҳамдамов беҳтарин шатранҷбози Тоҷикистон дар ин гурӯҳ дониста шуд.

Дар бахши собиқадорони аз 60-сола боло бошад, Азам Юнусов, Алихон Ҳусайнов ва Неъмат Зиёев ба таври муштарак ғолиб эълон шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД