formula
ҶОННИ ДЕПП РӮЗНОМАИ БРИТОНИИ “THE SUN”-РО БА СУД ДОД
1421

 

Санаи 7-уми июл дар шаҳри Лондон мурофиаи судӣ миёни ҳунарманди 57-солаи амрикоӣ ва ширкати “News Group Newspapers”, ки соҳиби рӯзномаи бритонии “The Sun” мебошад, оғоз шуд.

Ҳунарманд ин рӯзномаи машҳурро ба хотири як матлаб, ки ҳанӯз соли 2018 чоп шуда буд, ба суд додааст. Ин рӯзнома соли 2018 навишта буд, ки Ҷонни Депп нисбати собиқ ҳамсараш Эмбер Ҳерд зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ нишон медодааст. Худи ҳунарманд ин гуфтаҳоро туҳмат мешуморад ва хостори он аст, ки рӯзнома ба хотири матлаби дурӯғаш ҷазо дода шавад. Эмбер Ҳерд, ҳунарпешаи 34-солаи амрикоӣ ва собиқ ҳамсари Ҷонни Депп, ки соли 2017 расман аз ҳам ҷудо шудаанд, дар суд ба ҳайси шоҳид иштирок карда, навиштаҳои рӯзномаиро ҷонибдорӣ кардааст, ки гӯё ҳамсараш замони оиладориашон ӯро мезаду озор медод. “Соли 2016 Ҳерд ба муносибати 30-солагии зодрӯзаш шабнишинӣ ороста буд. Ҳамон шаб ман дер ба хона омадам. Дидам, ки ҳамсарам хаставу асабӣ аст, ӯро ором гузошта, хоб рафтам”,-дар рафти мурофиа нақл кардааст, Депп.

Хонум Ҳерд суханҳои собиқ шавҳарашро рад карда, дар суд гуфтааст, ки Депп баъди рафтани меҳмонон ӯро зад ва аз мӯйи сараш гирифта, дар рӯйи замин ин сӯву он сӯ кашола кард. Адвокати рӯзномаи “The Sun” ҳам гуфтаҳои Ҳердро ҷонибдорӣ кардааст. Дар рафти мурофиа ҷаноби Депп иқрор шудааст, ки ба духтараш Лили-Роуз, ки аз ҳамсари собиқаш Ванесса Парадӣ ба дунё омадааст, замони 13-сола буданаш маводи мухаддир (марихуана) додааст.

“Ман худам аз синни хурдсолӣ маводи мухаддир истеъмол мекунам. Ҳатто дар ҳолати мастӣ ё мадҳушӣ ба ягон ҳамсарам даст набардоштаам”,-гуфтааст, Ҷонни Депп. Мурофиаи судӣ се ҳафта давом мекунад ва натиҷа бо чӣ меанҷомад, дар шумораҳои баъдӣ шуморо огоҳ хоҳем кард.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД