Commerce bank may-june 2026
Ороиши 1,8-метраи мӯй
30.05.2026
Oila.tj
36

Сокини иёлоти Миннесотаи Амрико дар давоми 13 сол аз соли 2007 ба дароз кардани мӯяш оғоз намудааст. “Ирокез” - чунин ном дорад навъи ороиши мӯйи Ҷозеф.

Маҳз ба шарофати “Ирокез”-и 108-сантиметра марди амрикоӣ ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Ин марди амрикоӣ чунин тарзи ороиши мӯйро хеле хуш дорад ва аксаран дар ин кор завҷааш ба ӯ кумак мерасонад.

Азбаски ҳамарӯза бо чунин навъи ороиши мӯй гаштан душвориҳои зиёдеро ба бор меорад, Ҷозеф аксаран мӯяшро мебофад ва мегӯяд, ки бо “ирокез” ба мошин нишастану ҳангоми аз дари як хона ба хонаи дигар даромадан душворӣ мекашад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД