arzon replenishment
Ороиши меҳмонхона дар шакли наву замонавӣ
2015

 

Ҳуҷраи асосии ҳар хонавода, бешубҳа, меҳмонхона аст, ки ба тарзи замонавӣ ороиш додани он орзуи ҳар соҳибхона мебошад. Аммо на ҳама мустақилона аз уҳдаи ороиши меҳмонхонаи барҳаво мебароянд. Дар ин маврид ёрии хонапардозон (дизайнер-интерйер) муфид хоҳад буд, ки вобаста ба таҷриба ва тахайюли рангини худ кӯшиш мекунанд ҳуҷраро ба таври зебову замонавӣ оро диҳанд.

Фарш ва сақф бояд чӣ гуна бошанд?

Барои рӯйпӯш намудани қабати болои фарш аз масолеҳи зуд шусташаванда истифода бурдан беҳтар аст. Маҳсулоти камхарҷ ва универсалӣ паркет ва ё линолеум мебошад, зеро аксаран болои фарш қолин партофта мешавад. Агар шумо хоҳед, ки сақфро бо гулу фурӯзонакҳо оро диҳед, дар ин маврид баландии ҳуҷра бояд беш аз 3 метр бошад. Барои ба таври оддӣ ороиш додани сақф тавсияи хуб якранг будани он аст.

Деворҳоро чӣ гуна бояд ранг кард?

Ҳангоми интихоб кардани ранг барои ороиши деворҳои меҳмонхона ба равшании хона аҳамият додан лозим аст, зеро ранг метавонад аз ҳар ҷониб зеби дигар диҳад. Дар як ҳуҷра аз чанд ранг истифода бурдан низ дуруст аст, ки онро евроремонт мегӯянд. Масалан, барои самти шимоли ҳуҷра рангҳои нарм ва гармибахш мувофиқ аст, ки норасоии нури офтобро пурра месозанд, аз қабили рангҳои зард, сабз, қаҳваранг ва ё шакаладӣ. Агар тиреза дар самти ҷануб ҷойгир бошад, мебояд аз рангҳои сард истифода кард, ки он ҷо шуои офтоб басанда аст: рангҳои осмонӣ, кабуд, фирӯзагӣ ва сафед мувофиқ мебошанд. Барои ороиши қисми шарқии ҳуҷра аз рангҳои гармибахши равшан истифода бурдан беҳтар аст. Масалан, рангҳои гулобии нафис, асалранг ва шафтолугӣ. Агар тирезаҳо аз самти ғарб ҷойгир бошанд, истифодаи рангҳои сард беҳтар аст, ба монанди хокистарранг, кабуд ва пудинаранг.

Рангҳои мутобиқи ҳамдигарро чӣ гуна бояд интихоб намуд?

Деворҳои ҳуҷраро якранг ороиш додан масоҳати хонаро калон нишон медиҳад. Рангҳо дорои ҷилоҳои гуногун буда, навъҳои омехтаи он намои дохили ҳуҷраро бемислу монанд мегардонад.

Рангҳои паст. Чунин навъи рангҳо дар девор касро ба дунёи хаёлоти рангин мебарад. Рангҳои пасту нафис бештар вақти ороиши классикии меҳмонхона мувофиқтар мебошанд, ки ба деворҳо ҷилонокии бештар зам менамоянд ва эҳсоси роҳатро ба вуҷуд меоранд. Масалан, ранги хокистарии равшан дар якҷоягӣ бо қаҳваранг ҳузуру ҳаловатро фароҳам меорад.

Рангҳои баланди диққатҷалбкунанда. Ин навъи рангҳо бештар ба услуби ороишии муосир мувофиқтаранд. Ин навъи рангубори ҳуҷра аз ҷасорати соҳибхона дарак хоҳад дод. Дар сурати омезиши дурусти рангҳо натиҷаи ороиш ғайричашмдошт хоҳад буд.

Ҳангоми рангубори деворҳо, агар мутобиқатии рангҳо риоя гардад, ҳуҷраи шумо боғи хушу хуррамро хоҳад монд. Рангубори деворҳои ҳуҷраро бо истифода аз усули градиентӣ (гузариши мутақобилаи рангҳо) метавон иҷро кард. Ин усул барои ҳуҷраҳои васеъ истифода мешавад, ки онро барои ҳуҷраҳои хурд низ мавриди истифода қарор додан мумкин аст.

Интихоби ашёҳои ба хона мувофиқ

Ҷиҳози меҳмонхонаро мувофиқ ба андоза, шумораи сокинон ва эҳтиёҷот мебояд интихоб намуд. Чун анъана, дар меҳмонхона диван, чанд адад роҳаткурсӣ, мизи маҷаллагузорӣ ва сафҷевон (стенка) гузошта мешаванд. Ҷевони китобҳоро аҳёнан мегузоранд. Дар ҳуҷра мизи хӯрокхӯрӣ ва ё хонтахта ҳам метавон гузошт. Аммо он набояд ба диван наздик гузошта шавад. Ранги мизу курсиҳо бояд ба ранги яке аз ҷиҳози хона монанд бошад.

Ороиши ҳуҷра ба усули интихобшуда иртибот дорад. Барои усули классикӣ ҷевонҳои оинадор мувофиқ аст. Гузоштани диванҳои мулоим, чармин ва ё аз матоъҳои зебову якранг таҳияшуда ба ҳусни хона зебоӣ зам менамояд.

Ҳангоми ҷобаҷогузории ҷиҳозу ашёҳо ба шакли ҳуҷра таваҷҷуҳ кардан зарур аст. Барои ҳуҷраи чаҳоркунҷа ҷиҳози хона дар мобайн гузошта мешавад, вале агар он росткунҷа аст, таҷҳизотро ба дарозии девор мегузоранд, то ки ҷойи ҳаракату гаштугузор мавҷуд бошад.

Интихоби парда ба меҳмонхона зеби дигар медиҳад

Ранги пардаи тирезаҳо набояд ба ранги деворҳои ҳуҷра монанд бошад. Ҳангоми интихоби парда кӯшиш намудан зарур аст, ки ранги он аз ранги девор равшантар ва ё ториктар бошад. Пардаҳои меҳмонхона дар мадди аввал бо ранги ҷиҳоз бояд мутобиқат намояд. Парда ҳамчунин равшании ҳуҷраро танзим менамояд.

Барои ҳуҷраҳое, ки тирезаҳояшон дар тарафи шимол қарор доранд, пардаҳои рангҳои гармибахш ва дурахшон - қаҳваранг, заррин, зумурадӣ ва норинҷӣ интихоб кардан мувофиқ аст, ки ба ҳуҷра гармӣ бахшида, ҳузуру ҳаловатро фароҳам меоранд. Барои тирезаҳои дар самти ҷануб ҷойгиршуда пардаҳои дорои рангҳои сард ва ором мутобиқанд, амсоли рангҳои кабуд, хокистарӣ, осмонӣ ва сафед.

Аз ин маслиҳатҳо истифода бурда, шумо метавонед бе маслиҳати хонапардозон кошонаи худро зебову табъхушкунанда гардонед ва меҳмонхонаи худро мувофиқи табъи худ орову зебо созед. Дар интихоби рангу ҷиҳози хона хато накунед ва кошонаи орзуҳои худро бисозед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД