arzon replenishment
Ортиқи Қодир 68-сола шуд!
423

 

Имрӯз яке аз чеҳраҳои намоёни санъат ва фарҳанги кишварамон, марди сухандону сухансанҷ, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ҷашни милод дорад. Ин ҳунарманди асил ба синни мубораки 68-солагӣ расид...

Ортиқи Қодир 14- марти соли 1956 дар деҳаи Нилӯи Ҳисор ба дунё омада, соли 1974 мактаби миёнаи № 50-и зодгоҳашро хатм намудааст. Мавсуф дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ бо 3 нишони фахрӣ мукофотонида шудааст ва бо шарофати шеърдонию маҳорати баланди суханвариаш соли 1977 дар шаҳри Ленинград ғолиби Озмуни умумииттифоқии ровиён ба номи Владимир Яхонтев гаштааст.

Соли 1978 Ортиқи Қодир ба Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ба кор омада, то ба имрӯз дар ин даргоҳи ҳунар баҳри рушду нумӯъи санъати театрии тоҷик заҳмат мекашад. Қобили зикр аст, ки дар баробари образҳои хеле ҷаззоби дар саҳнаи театр офаридааш ин ҳунарманди асил ҳамчунин дар чандин намоишномаҳои телевизионӣ нақшҳои хотирмон офаридааст.

Ортиқи Қодир аз зумраи он ҷавонмардони ангуштшуморест, ки дар васфашон мегӯянд: Панҷ панҷаи ин мард ҳунар аст!

Ин марди пурҳунар дар баробари актёри номдор буданаш ҳамчунин ровии шинохта ва журналисти бомаҳорат буда, солиёни зиёде дар нашрияи “Чархи гардун” қаламфарсоӣ намудааст.

Солҳои 1996-2001 муовини сардабири ҳафтаномаи «Чархи Гардун” ва аз соли 1996 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Истеъдоди баланди нависандагӣ низ дошта, китобҳояш хонандагони сершумор доранд.

Мо-аҳли эҷоди сомонаи Оила.ТҶ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодирро бо 68-умин солгарди умрашон сидқан муборакбод гуфта, дуо мекунем, ки ҳамеша чунин ҷавону зебо, сухандону сухансанҷ ва гули сари сабади маҳфилҳо бошанд! Бароятон умри дарози саъдиёна, айшу нишоти ҳофизона, рӯзгори пурфайзе амсоли Ҷомию Навоӣ ва чун Фирдавсии Тӯсӣ поядагии шӯҳрату номро орзумандем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД