sebiston july new
Ортиқи Қодир чаро тарки саҳна кард?
22.03.2022
Оила
4748

 

Актёр ва ровии машҳур 65-сола шуд

 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир 65-сола шуд. Наздики 40 сол аст, ки ӯ дар ҷодаи пур аз шебу фарози санъат роҳ мепаймояд. Дар ин муддат ӯ даҳҳо нақши ҷолиб дар театру синамо ва телевизион офарид ва ҳамчун ровӣ шуҳрат пайдо карду дар дили мухлисонаш ошён гузошт. Банда борҳо бо Ортиқи Қодир суҳбат доштам. Дар рӯзи мавлудаш сафҳаҳои зиндагиашро аз забони худаш варақгардон хоҳем кард.

 

Даричаи ошноӣ:

Ортиқи Қодир 14-уми марти соли 1956 дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Ҳангоми кор дар театр даҳҳо нақшро иҷро кардааст, аз ҷумла дар намоишномаҳои “Қиёми Лоҳутӣ”, “Вопасин арӯси амир”, “Тахти Султон Маҳмуд”, “Рӯдакӣ” ва “Фирдавсӣ”. Солҳои 1991-1995 актёри театри мазҳакавии “Ойина” буд. Нақшҳояш дар намоишномаҳои телевизионие ба мисли “Ҳаёт ва ишқ”, “Кадри ҳавоӣ” ва “Ашки сӯзон” маъруфияти бештар овард. Муддате кори журналистӣҳамкардааст. Аз соли 1996 то 2001 муовинисардабириҳафтаномаи “ЧархиГардун” буд. УзвиИттифоқижурналистониТоҷикистонаст. Оиладор, соҳибипанҷфарзанд. УнвониҲунарпешаишоистаиТоҷикистонваҲунарпешаихалқииТоҷикистонродорад.

 

Актёр шудан намехостам

Пешаи актёрироинтихобкарданиманногаҳонӣ буд. Манбомақсадитаҳсил дар факултетиШарқшиносӣҳуҷҷатҳоямро ба УниверситетидавлатииТоҷикистон ба номи В. И. Ленин супориданӣбудам, аммобинобарнабуданибаҳо аз фаннизабонихориҷӣҳуҷҷатҳоимароқабулнакарданд.Ҳамон сол аз факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко Донишкадаи санъати Тоҷикистон таъсис ёфт ва барои қабул озмуни калон эълон шуд.  Як ҳамдеҳаам бо номи Азизмурод Саидов, ки ҳоло дар Кохи фарҳанги Ҳисор кор мекунад, сабаб шуду ман ҳуҷҷатҳоямро ба факултети санъат супоридам. Вақте ба дунёисанъатворидшудам, ба саҳнадилбастаму ба театр пайвастам. 

 

Эътироф

Театри Лоҳутӣ он солҳо яке аз театрҳои ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, ҳар касро ба кор намегирифтанд. Мо дар корҳоидипломиамончандасариҷиддиротаҳия карда будем. Аз ҷумла дар «Писари калонӣ»-и Вампилов маннақшипадарромебозидам. Ин буд, кимаросаодатибузургенасибгашту ба ТеатриЛоҳутӣдаъваткарданд.

Вақтеманнав ба театр омадам, моробештар ба намоишномаҳоикӯдаконаҷалбмекарданд. Зиёдбудандчуниннақшҳоилаҳзагӣ. ҲабибуллоАбдураззоқов аз рӯйиасариФазлиддинМуҳаммадиевнамоишномаи «ВопасинарӯсиАмиралмуъминин»-ро ба саҳнагузошту дар он нақшиэпизодиидевонаромебозидам. Қашқарӣ Мирзоев он вақтдиректори театр будандунақшимарохушқабул карда, ба маошам 20 рублиловакарданд. Ҳаминтавр  то ба нақшҳоикалонХоҷаҲофиз аз «КабкиҚафас», Лоҳутӣ аз «ИсёниЛоҳутӣ» Шоҳин, Рӯдакӣ, чандсол пеш Байҳақӣ, Турсунзода аз «Аёдат» расидем.  Бароииҷроинақш дар се намоишителевизионӣ  «Ҳаётваишқ», «Кадри ҳавоӣ» ва «Ашкисӯзон» ман ба дарёфтиҷоизаиКумитаиҷавонониҷумҳурӣмушаррафшудам. Соли 1999 маробоунвониҲанармандишоистаиТоҷикистонва соли 2009 бароииҷроинақшиРӯдакӣбоунвониҲунармандимардумииТоҷикистонсарфарозкарданд.

 

Тарки саҳна

Солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон як муҳите пайдо шуд, ки санъат ба касе даркор набуд. Илова бар ин соли 1995 дар фосилаиқариб 1 солман се азизихудро ба хоксупоридам. Ба ҷойи театр гурӯҳҳоикӯчагӣ, масхарабозонпайдошуданд. Ин омилҳонаметавонист ба ҳолатиравониимантаъсирнагузорад. Бинобар ин ман аз театр рафтам. Қариб як солбекоргаштам. Чӣкор кардану ба куҷорафтанаммаълумнабуд, куҷоесарамчархзанад, мерафтам. Соли 1996 дар рӯзитаҷлилиҶашниматбуотбоАкбариСатторвохӯрдам. Акбар пурсид, кикуҷомеравӣ? Гуфтам, киҳеҷҷо,бекорам. Ӯ гуфт, киқасдиифтитоҳи як газета бозабонитоҷикиродорадвамародаъват кард, ки дар паҳлӯяш бошам.

Дар ҳафтаномаинавтаъсиси ӯ - «Чархигардун» ба корпардохтам. Дар аввалиншумораи «Чархигардун» мусоҳибаиманбоустодЗафарНозимовнашршуд. ИбтидоустодЗафарНозимовнамехост, ки ба мансӯҳбаткунад, зеро сахтранҷида буд. Боевикҳохонаашрооташ зада, аксҳоитаърихивуасбобҳоимусиқиашросӯзонидабуданд. Аммо аз куҷоеҷасоратижурналистӣ дар манпайдошудуустодробароисуҳбатрозӣкунонидам. Баъданҳамин тавр,боРаҳимМасов, УбайдуллоРаҷабоввадигарчеҳраҳомусоҳибаҳо кардам.  Вачандинсолмуовинисардабиршуда, кор кардам…

 

Бозгашт

Соли 1999 озмуниумумиҷумҳуриявии «Андалеб» мегузашт, киманровии он будам. БаъдиҷамъбастиозмунбегоҳВазоратифарҳангҳамаро ба як пиёлачойдаъват карду қароршуд, кимаъракаишаброҳамманраисӣ кунам. ОлимҷонСалимзода, муовинионвақтаивазирифарҳангмаҳфилрокушода, мароровиишинохтавуҳунармандимаъруфгуфта, муаррифӣмекард, кисадоиБобохонАлиевичМаҳмадов баланд шуд: «Ортиқрошоистагуфтангир. Ман он замон дар ягон театр корнамекардамва ин гапиМаҳмадоврофаромӯш кардам. Аммобаъдичандрӯз аз Вазоратифарҳангзанг зада гуфтанд, кибиё анкета пур кун, туро ба унвониҲунармандишоистаиТоҷикистонсарфарозкарданд. ҲамонсолҳамроҳиАтоМуҳаммадҷоновфилми «Ғуруб»-ро ба наворгирифтем. Ато –акагуфтанд, киҷойи ту саҳнаастубаргард. Баъди ин ҳамроҳиТоҳирСобировбанаворгириифилми «КамолиХуҷандӣ»-рооғозкардем. Мутаассифона, ин филм то охирсабтнашуд, эшонҳаммаробароибаргаштан ба театр талқинкарданд. ДилбарУмароватариқи як барномаирадиоӣ аз мандаъват ба амаловард, ки ба саҳнабаргардам. Акбар ҳамгуфт, кимошоядиштибоҳмекунем, китуро дар газета банд мекунем…

Ҳамин тавр,бомусоидатиАто-акаман бори дуюмқадамҳоинахустинамро ба саҳнагузоштам.

 

Чаро театр камтамошобин аст?

СолҳоипанҷоҳумушастуммуҳитиТоҷикистонхелетеатрӣ буд. Котибиаввали ҲизбикоммунистТурсун Ӯлҷабоевба ҳаманамоишномаҳоинавмерафт. Ҷаббор Расулов ҳам тамошобини театр буданд.Ҳаминчиз ҳамсабабмешуд, ки ҳамавазиронукабиронбатеатрраванд. Боталошҳоимаъмуронитеатрва ҳамраҳбароникоммунистӣ тамошобинонроазкоргоҳудонишгоҳҳоташкилмекарданд. Вале мутаассифона дарсолҳоиҷангишаҳрвандӣ ва баъди онякхолигоҳимаънавӣ вафарҳангии моэҷодшуд. Ҳаргунагурӯҳҳоимазҳакавиикӯчабозорӣ нуфузпайдокарданд. Ҳамин аст, ки завқи мардум паст шуд, таваҷҷуҳ ба асари асил, ба санъати асил кам шуд. Тамошобини театр кам шуд.

Ҳол он ки солҳои охир театри тоҷик асарҳои хубро ба саҳна мемонад. Дар ҷашнвораҳоибайналмилалӣ соҳибишоҳҷоизаҳомегардад, намоишҳои мо. Албатта, тамошобин ҳаст, вале кам. Мо ҳамин шабу рӯзҳо намоиши “Фирдавсӣ”-ро ба саҳна мондаем. Ин спектакл шоҳкор аст, бояд мардум дару деворро шикаста, онро тамошо кунанд, вале гоҳо ними толор ҳам пур нест, вале онро мо иҷро мекунем.

 

Синамои каммазмун

Сатҳисинамоимохелепоёнаст... Имрӯз ҳар кас хоҳад, филм ба навор мегирад. Асарҳо сусту каммазмун. Манбачандсенарияе, кишиносшудам, ростигапбисёрхориамомад. Чунхелеомиёнавударсатҳихелепастбуд. Манбароибозӣкардандарингунафилмҳорозӣнашудамвачандтаназонҳое, киимрӯзбосинамосарукордоранд, азманранҷидандвадигар ба манмуроҷиатҳамнамекунанд. Аҷиб он аст, ки чунин асарҳои каммазмун пешкаши мардум мешавад. Мардум ҳам онро қабул мекунад.

Бинобар ин, солҳои охир ман бештар ба дубляж сарукор дорам. Дар аксари филмҳои тарҷумашаванда, садои ман ҳаст.

 

Орзу

Ман солҳост орзуи ба саҳна гузоштани як моноспектаклро дар сар дорам. Борҳо ҳам кӯшиш кардаам, ки ҳамин корро кунам, аммо кадом як зарурият, кадом як душвории зиндагӣ садди роҳ шудааст. Ман намехоҳам, ки ин ниятро бо худ ба хок барам...

 

Инқилоби фарҳангӣ

Кишвари мо ба як инқилоби фарҳангӣ ниёз дорад. Бисёр чизҳоробоядивазкард. Андешавуақидаҳоизангзадае, киаздавронишӯравӣ мондааст, бояд иваз шаванд. Мехостам, дар мақомотираҳбарӣ шахсиятҳоеробинам, кимаърифатудонишибаланддоштабошанд. Азадабиётигузаштаибоифтихорамоногаҳӣ доштабошанд. Ақидаиманинаст, кибисёрдушвориҳо, бисёрбадбахтиҳое, киимрӯзпешмеояд, асланазсустии донишу маърифат аст. Мехоҳам, китаълимотазсатҳикӯдакистонҳопурратағйирёбадвахеле қавӣ гардад. Дармактабҳомуаллимонекормекунанд, ки ҷавобгӯиарзишҳоипедагогӣ нестанд, худашондонишикофӣ надоранд. Войбарҳолишогирдонионҳо...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД