formula
Ошиқамро ба милиса диҳам?
5442

 

Ҷавондухтари 20-солаи душанбегӣ ҳастам ва ҷавонеро дӯст медорам. Ману Усмон як сол қабл бо ҳам шинос шуда, ҳар шаб ба гӯши якдигар афсонаи ишқ мехондем. Ниҳоят дӯстдоштаам маро ба вохӯрӣ даъват намуд ва не гуфта натавониста, ба мулоқот рафтам. Пас аз сайругашт ошиқам маро ба иҷорахонааш даъват кард. Дӯстонаш маро хуш истиқбол гирифтанд ва баъди чанд лаҳза моро танҳо гузоштанд. Ошиқам аввал бо меҳрубонӣ ва сипас бо таҳдид маро ба бистар кашид ва ба мақсади нопокаш расид. Гиристам, фиғон кашидам, худро ба дару девор задам, вале дигар аз ин ҳама гиряву нола суд набуд. Пушаймон аз ин ишқи касофатбор гирён ба хона омадам.

Аз ҳамон рӯзи наҳс заррае хобу оромӣ надорам, зеро аз ояндаам сахт метарсам. Метарсам, ки ин хатои ҷавонӣ бадному шармандаи ду оламам месозад. Хонандагони азиз, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам? Барои он ки зӯран маро ба бистар кашид, ӯро ба милиса диҳам ё аз ошиқам талаб кунам, ки маро ба занӣ бигирад. Шояд ин ҷавони фосиқро фаромӯш кунам, беҳтар аст?

Н.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД