shoh palace
Ошиқи духтарбозамро бубахшам?
28.05.2023
ОИЛА
2214

Салом ба кулли хонандагони “Оила” Ман, як духтари дилдода мехоҳам аз шумо маслиҳатбипурсам. Ҳанӯз аз замони дар мактаби миёна хонданам ҷавонеро дӯст медоштам.

Аввалҳо танҳо телефонӣ суҳбат мекардем, баъдтар гоҳ-гоҳ пинҳонӣ аз волидонамон ба кино ва қаҳвахонаҳо мерафтагӣ шудем. Ман ӯро аз ҷонам зиёд дӯст медоштам, ошиқам низ лофи ишқу муҳаббат мезад, вале баъдтар бо духтари дигаре ошно шуда,ба ман хиёнат кард.

Ранҷу азобҳоеро, ки аз пушти ошиқи бевафоям кашидам, фақат худам медонаму Худованд. Корам шаб то саҳар гиря кардан буд. Аз дарди ҳиҷрон борҳо хостам ягон доруи марговар хӯрам ё худро ба дор овезам, вале боз фикри падару модарамро карда, гиребони тавба медоштам.

Қариб ҳар рӯз дугонаҳоям хабар меоварданд, ки онҳоро дар фалон ҷой даст ба даст дидаанд. Суханони онҳоро шунида, як аламам сад алам мешуд, аммо сир бой намедодам. Худамро тасаллӣ медодам, ки рӯзе аз карда пушаймон шуда, ба назди ман бармегардад ва дубора дар пеши поям афтида бахшиш мепурсад.

Тақдирро бинед, ки баъди чанд моҳ дар ҳақиқат чунин шуд. Ошиқам аз ишқи наваш сер шуда, боз ба ёди ман афтидааст. Ба номаву зангҳои телефониаш ҷавоб намедодам, акнун вай ошкоро дар кӯчаву паскӯча пеши роҳи маро гирифта, зорӣ карда истодааст, ки дубора ишқашро қабул намоям.

Мегӯяд, ки ба хонаамон хостгор фиристода, маро ба занӣ мегирад, вале ман ба суханони ӯ дигар чандон бовар надорам. Сарҳисоби корамро гум кардаам. Аз ҳамин хотир ба “Оила” дарди дил намудам, то ки аз шумо, дугонаҳои азиз маслиҳат бипурсам. Ошиқи хиёнаткорамро бубахшам ё не?
Амина аз шаҳри Турсунзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
918223695 2023-05-29, 09:56
Салом хохари азизАмина хечвахт набахшед Чун у аз шумо гузашту бо Динаре дилбасту боз у Ки бадилаш заду баназди шумо омад инро доред,Ки у ищем пок ва дил надорад танхо холо у вахтхушии худро фикр мекунад боз богузашти вахт бо ягон бахонае аз шумохам мерасад.Агар рафту азкардааш дар хакикат пушаймон бошад шумо шарт гузоред,Ки хостгоратро равно кун Бад Ман бо ту гап мещанам бадан максади уро мефахмед...
Посух
Мухлис 2023-05-29, 23:25
Якбор хато карди дишар бора хато кардан ахмакист.хиёнаткор на касам дораду на вичдон бовараш накун.лекин ахмакат карда бошаду номусатро гирифта бошад ихтиёрат
Посух
Пп 2023-05-31, 13:39
Не набахшед у якбор хиёнат кард боз мекунад
Посух
Ариана 2023-08-06, 16:44
Духтари беакл ин корхоятро мону аз паи дарсхониат шав боз шарм надошта мегуядки кахвахонаву кино мерафтем аз волидайн пинхони ин кори ту карда истодаи ахмакист. Он шахсе ки сидкан туро дуст дорад хечвакт хиёнатат намекунад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД