shoh palace
Ҳошим Гадо 85-сола шуд!
1137


Имрӯз яке аз сутунҳои устувори санъати театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи Халқии СССР, фарзанди номбардор ва номвари миллат Ҳошим Гадо ҷашни милод дорад.

image_2022-05-10_11-51-28

Ин устоди саҳнаву пири кор ва мояи ифтихори тоҷикон ба синни мубораки 85-солагӣ расид.

Ҳошим Гадо 10- майи соли 1937 дар Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушода, яке аз аввалин хатмкунандагони машҳуртарин даргоҳи ҳунар дар замони Шӯравӣ-ГИТИС мебошад. Ҳошим Гадо соли 1960 бахши актёрии студияи тоҷикии ГИТИС ва соли 1965 курсҳои олии коргардониро дар назди ГИТИС хатм намуда, шогирди устодони номдори санъати рус Б. В. Бибиков ва О. И. Пыражкова мебошад.

image_2022-05-10_11-53-05

Ин ҳунарманди нотакрор фаъолияти эҷодиашро соли 1961 дар театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ шурӯъ намуда, натанҳо дар саҳнаи ин театри овозадор, балки дар дигар театрҳои кишварамон низ беш аз 150 нақши мондагор офаридааст.

Қобили зикр аст, ки Ҳошим Гадо натанҳо чун актёр, балки ҳамчун коргардон низ беназир буда, намоишномаҳои таҳия кардааш дили ҳазорон-ҳазор тамошобинонро тасхир менамоянд. “Шоҳ Эдип” аз рӯйи асари Сафокл далели равшани ин гуфаҳо буда, беш аз 100 маротиба ба саҳна гузошта шудааст.

Нақши Ҳошим Гадо дар рушду нумӯъи синамо низ хеле бузург аст. Ин ҳунарманди асил дар беш аз 50 филми тоҷикию хориҷӣ нақшҳои ҷаззоб офаридааст. Шоҳзода Абдулатиф аз “Ситораи Улуғбек”, Туркон аз “Хати сарҳад”, Комил аз “12 соати ҳаёт”, Мақсуд аз филми бадеии “Чор тан аз Чорсанг”, Ёрматов аз “Тӯҳфон дар водӣ”, Бек аз “Ишқи аввали Насриддин”, Ниёз аз “Муҳосира”, Иброҳимбек аз “Ҷӯра шикорчӣ аз Минархар”, Суҳроб аз “Рустам ва Суҳроб” аз зумраи беҳтарин образҳои офаридаи Ҳошим Гадо дар экрани калон мебошанд.

image_2022-05-10_11-53-41

Филмҳое, ки дар онҳо ин ҳунарманди нотакрор нақш бозидааст, то ба имрӯз ҷаззобияти худро аз даст надода, тамошобинон ин филмҳоро гаштаву баргашта тамошо мекунанд, зеро бинанда ҳар дафъа аз ин филмҳо барои худ чизи наве меёбад ва олами дигареро кашф мекунад. Дар байни образҳои офаридаи Ҳошим Гадо махсусан Суҳроб аз филми ҳунарии “Рустам ва Суҳроб” мавқеи хос дорад, ки аз рӯйи достонҳои безаволи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ таҳия шудааст. Ҳошим Гадо ба синни мубораки 85-соглагӣ раисда бошад ҳам, дар ёди тамошобинон, махсусан тамошобини тоҷик ӯ то имрӯз ҳамон Сӯҳроби паҳлавон-ҷавони зебову далеру шуҷоъест, ки Рустами достонро дар ҷанги тан ба тан мағлуб намуда, билохира ба доми макри Рустам меафтад ва дар водии лолаҳои арғувонӣ ба дасти падар кушта мешавад.

image_2022-05-10_11-55-06

Ин филмро то ба имрӯз тамошобинон бе оби дида тамошо карда наметавонанд ва ҳар гоҳе, ки Рустам теғ бар дили писари шермардаш Сӯҳроб мезанад, аз синаи тамошобин беихтиёр ғиреви дард бархоста, донаҳои ашк мисли шаддаи марворид ба рӯйи рухсораҳо мешоранд.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ, шоҳсутуни санъати тоҷик, беҳтарин актёр, беҳтарин коргардон, олим, санъатшинос ва нависандаи моҳир Ҳошим Гадоро бо ҷашни милод сидқан муборакбод гуфта, ба ин абармарди саҳнаи ҳунар умри дарози бобаракат таманно доранд. Ҳамеша номдору номбардор ва сарсабзу сарбаланд бошед устод!
image_2022-05-10_11-55-44

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД