sebiston july new
Ҳосили пахтаи навъи "Дӯстӣ"-ро мечинанд
229

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати деҳоти "Нури Вахш" ноҳияи Дӯстӣ дар ҶСП "Ҷунтай-Хатлон Син Силу" бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшида, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба масъулин тавсияҳои судманд доданд. Дар ин бора рӯзномаи "Хатлон" иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 568 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт намуданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, ба таъкиди кишоварзон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 33,4-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард. Ширкат то имрӯз 326 гектар заминҳои пахтаро дефолятсия гузаронида, минбаъд низ ин корҳо идома медиҳанд.

Заҳматкашони ноҳияи Дӯстӣ имсол тибқи дурнамо нақша доранд, ки беш аз 18 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар як гектар аз 23,5 то 33,4 сентнерӣ рост меояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вақти кишту парвариш ва чиниши пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” зиёда аз 2 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Зимни суҳбат бо меҳнаткашон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуда, ҳамзамон оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳамзамон, раиси вилоят дар хоҷагии “Кенҷа-Корвон”-и ноҳия низ дар кишти картошка иштирок намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД