Formula novemver 2024
Осорхонаи бузи кӯҳии Морхур ифтитоҳ гардид
614

Дар доираи сафари Президенти кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи баландкӯҳи Дарвоз Осорхонаи бузи кӯҳии Морхур ва мағозаи армуғонҳои миллӣ ифтитоҳ гардид.

Манбаъ гуфт, ҳадафи бунёди Осорхонаи бузи кӯҳии Морхур шинос намудани аҳолии Тоҷикистон ва сайёҳони хориҷӣ бо зебоиҳои табиати нотакрори Тоҷикистон ва муаррифии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз ҷумла бузи кӯҳии Морхур, бабри барфӣ ва гӯсфанди Марко Поло (архари помирӣ) мебошад.

Осорхонаи бузи кӯҳии Морхур ва мағозаи армуғонҳои миллӣ дар ноҳияи Дарвоз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Масоҳати умумии бинои осорхона 150 метри мураббаъро ташкил дода, дар масоҳати 25 метри мураббаъ амсилаи ҳайвоноту парандаҳои нодир насб ва бо нақшу нигор ороиш дода шудааст. Масоҳати  мағоза 75 метри   мураббаъ ва роҳравҳо аз тахтасангҳои сафолӣ ва мармар 50 метри мураббаъро ташкил медиҳанд.

Осорхона дар тарғибу ташвиқи олами ҳайвоноти нодири Тоҷикистон дар байни сайёҳони хориҷӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ нақши муассир  мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД