goodwell
Осорхонаи Сайидалӣ Маъмур таъмир шуд
136

Осорхонаи шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур, ки солҳои зиёд ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт, таъмир ва азнавсозӣ гардид. Ин осорхона дар шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, барои шиносоӣ бо осори адабии шоир мавзеи муҳим маҳсуб меёбад.

Қаблан чандин нафар аз ҳолати бино ва таъмирталаб будани осорхона изҳори нигаронӣ карда, масъалаи ба тартиб даровардан ва беҳтар намудани шароити онро матраҳ намуда буданд. Ниҳоят, корҳои таъмиру ободонӣ дар осорхона анҷом ёфта, он симои тоза касб кард.

Сайидалӣ Маъмур аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик буда, дар рушди адабиёти миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Осори пурғановати ӯ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва белорусӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ҳамзамон, шоир осори адабиёти хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Сайидалӣ Маъмур 28 декабри соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Ӯ факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро дар Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Дар солҳои гуногун дар вазифаҳои масъул дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), нашриёти «Адиб» ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур 24 июли соли 2021 дар синни 77-солагӣ даргузашт. Ӯ аз худ осори гаронбаҳои адабӣ ба мерос гузоштааст, ки имрӯз низ барои аҳли адаб ва дӯстдорони фарҳанг арзиши муҳим дорад.

Акнун бо анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ хонаи-музейи шоир барои нигоҳдории осори ба меросмонда ва шиносоии хонандагону ҷавонон бо ҳаёту фаъолияти Сайидалӣ Маъмур шароити муносиб пайдо кардааст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД