Commerce bank may-june 2026
Оташ дар хоб рамзи ҷангу ҷанҷол аст ё муждаи нек?
23.07.2026
Oila.tj
56

Дар хобам чанд бор оташи фурӯзонро дидам. Гоҳо оташ дар байни ҳавлӣ, гоҳо дар пушти девор, гоҳо дар доманаи кӯҳ дар ҳолати аланга ба хобам меояд. Ин хоб чӣ таъбир дорад?

ШЕРАФГАН

Посух:

- Оташ яке аз рамзҳои пурмаъно ва пуртаъбири хоб аст. Таъбири он вобаста ба он аст, ки оташ дар хоб чӣ гуна зоҳир мешавад ва хоббин худро дар чӣ ҳолат мебинад. Уламои таъбири хоб бар ин назаранд, ки оташ метавонад ҳам нишонаи огоҳӣ ва ҳам муждаи нек бошад.

Агар оташ бо алангаи баланд ва дуди ғафс намоён шавад, онро рамзи ҷанг, ошӯб, фитна, талафот ва мусибат медонанд. Чунин хоб метавонад аз рӯй додани ҳодисаҳои ногувор ё шунидани хабарҳои ташвишовар дарак диҳад. Агар дар хоб бинед, ки оташ шуморо таъқиб мекунад, ин метавонад ишораи рӯ ба рӯ шудан бо мушкилоти бузург, хатар ё ҳодисаи ногаҳонӣ бошад.

Дидани он ки либос ё узве аз баданатон дар коми оташ месӯзад, ба мусибат, зиёни молӣ ё ранҷу ташвиш таъбир мешавад. Агар шахсе дар хоб оташро бихӯрад, мегӯянд, ки чунин хоб ҳушдор аз даромади ҳаром ё поймол кардани ҳаққи дигарон аст. Саҷда кардан ба оташ бошад, рамзи дур шудан аз роҳи ҳақ ва пайравӣ аз васвасаҳои нодуруст дониста мешавад.

Аммо на ҳар оташ маънои бад дорад. Агар оташ равшанӣ диҳаду барои гармӣ ва фоидаи мардум истифода шавад, чунин хоб нишонаи амният, осоиш ва беҳ шудани рӯзгор аст. Агар шахс дар хоб оташ афрӯзаду ҳам худ ва ҳам дигарон аз гармии он баҳра баранд, ин муждаи пайдо кардани кори судманд, афзоиши ризқу рӯзӣ ва раҳоӣ аз тангдастӣ мебошад.

Хомӯш шудани оташ дар хоб бештар ба анҷоми ихтилоф, аз байн рафтани ҷанҷол ва ором шудани вазъ ишора мекунад. Агар худатон оташро хомӯш кунед, ин метавонад далели он бошад, ки кори муҳимеро бо ихлос ва муваффақият ба анҷом мерасонед.

Бархе аз донишмандон оташро рамзи гуноҳҳои инсон медонанд, вале ҳамзамон он метавонад нишонаи худотарсӣ, тақво ва ҳидоят низ бошад. Аз ин рӯ, барои таъбири дурусти чунин хоб бояд ҳамаи ҷузъиёти он ба назар гирифта шавад. Дар ҳар сурат, дидани оташ бештар ҳушдорест, ки инсон бояд амалҳои худро бознигарӣ карда, роҳи дурусту ростиро пеш гирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД