Қотили Шаҳло Назарова ва фарзандонаш ҳукми абад гирифт
391

Суди Олии Тоҷикистон Сайфулло Азимовро, ки дар куштори Шаҳло Назарова, як зани сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо се фарзанди ниболиғаш гумонбар дониста шудааст, ба ҳукми абад маҳкум намуд. Дар ин бора Ҳалим Иброҳимов, шавҳари Шаҳло Назарова хабар додааст.

Қатли Шаҳло Назарова, ҳамсари Ҳалим Иброҳимов ва се фарзанди ноболиғаш моҳи сентябри соли равон дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ рӯй дода, сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард.

Мурофиаи охирини судӣ рӯзи 8-уми декабр дар Суди Олии Тоҷикистон баргузор гашта, нисбати Сайфулло Азимов ҳукми абад содир гаштааст.

“Додрас ба Сайфулло Азимов ҳукми абад дод. Ман ҳам ҳаминро мехостам. Аз ҳукми суд розиям”,- гуфтааст Ҳалим Иброҳимов.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД