sebiston july new
Қотили тифлони бегуноҳро Худо зад…
04.03.2022
Оила
3241

Амонат аз дард ба худ мепечид, зор-зор мегирист, ҳамсояаш холаи Нозиҳа овози гиряи ўро шунида, дарашро тақ-тақ кард ва дар кушода шуд. Кампир даромада, Амонатро дар ошхона болои гилемаки нимдошт ба худ печида диду аз тарс ба хонааш давида, келинашро гуфт, ки мошини ёрии таъҷилиро ҷеғ занад…
Амонат ба худ омада, болои сараш кампири Нозиҳаро дид, маълум шуд, ки тифлакони дугоники семоҳаи батнаш мурдаанд. Духтурон сару рўйи кафидаи занро дида, милиса ҷеғ заданд, вале ў исрор кард, ки афтидаасту ҷавобаш диҳанд. Милисаҳо диданд, ки аз санг садо асту аз зан не, ўро ҷавоб доданд, зеро ў мегуфт, ки шавҳараш дина ба қишлоќ барои хабаргирии волидонаш рафтааст. Холаи Нозиҳа фаҳмид, ки ҳамсояи берўзияш дурўғ мегўяд, зеро Қурбони рўсиёҳи муштзӯрро саҳар дида буд. Онҳо ба хона баргаштанд, дар роҳ кампири Нозиҳа ба Амонат гуфт: ин кадом рўз туро мекушад…

Ятимаки берўзӣ
Падару модари Амонат хеле ҷавон аз олам гузаштаанд, фарзандони модараш солим ба дунё омада, се-чормоҳа шуда, бе касалу бемор аз олам мегузаштанд. Таърихи номи Амонат низ аз ҳамин ҳост, чун духтараки талбидаашон дусола шуд, Сафармову Носир аз хурсандӣ гове кушта, худоӣ доданд. Охир, онҳо каму ғам не, шаш фарзандро аз даст дода буданд. Аммо хурсандияш дер давом накард, ў бори дигар ҳомиладор шуда, вақти таваллуд ҳамроҳи тифлакаш аз олам гузашт. Носир Амонати гирён дар даст дар хонаи бо сад умед бунёд намудааш танҳо монд, падару модари Сафармо дар қайди ҳаёт набуданду ду бародараш талоши барои ба тарбия худ гирифтани духтараки апаи сиёҳпичаашон накарданд. Модари Носир, ки се сол пеш мўсафедашро ба он дунё гусел намуда буд, ба хонаи писараш омаду ба тарбияи Амонати ятимак оғоз намуд. Носир, ки занашро дўст медошт, ба худ фурў рафтаву камгап шуда буд. Баъд аз додани сари соли Сафармо апаҳояш барояш зан ёфтанд, вале ў не гуфт. Бародараш аввал зорияш карду баъд сарзаниш ва оқибат дид, ки намешавад, бо овози баланд фарёд зад:
-Худат медониву зиндагият, рав саратро бари сари Сафармо мону хоб рав!
Модараш писари калонашро ҷанг кард, ки писарамро ғам надиҳед, кае хоҳад, худаш зан мегирад. Шояд кадом фариштае омин гуфт, ки ду рўз пас Носир худро дар оғилаш бо арғамчин овехту ўро дар бари Сафармои ормониву тифлакони ғурамаргаш ба хок супориданд. Амонатаки бечора аз падар ҳам маҳрум шуда, акнун чашми умед ба бибияш буд.
Кампири Руқия зор-зор мегирист, мусибатҳои пайи ҳам миёнашро хам карда бошанд ҳам, ба хотири Амонаташ миёнро баста, аз ҷой хест. Охир, писару келинаш духтаракашонро ба вай амонат монда буданд…
Нозанини деҳа
Худованд ба кампир умри дароз ҳадя кард, ў духтаракашро ба воя расонда, ба коллеҷи омўзгорӣ дохил кард, дипломашро дида, ӯро ба шавҳар доду баъд ин оламро падруд гуфт. Кампир се писару як духтар дошт, Носир ҷавонмарг шуд, хонаву дари падарӣ ба писари хурдӣ Назар монданд, Нозим писари калонӣ бошад, хонаву дари ҷудо дошт. Нозим шаш писар дошту пеш аз марги модараш ду пойро ба як мўза андохта, писари дуввумаш Қурбонро ба Амонат хонадор кард. Келини бе «қалину қамчин» боз соҳиби хонаву дари зебо шуд, аммо Қурбон аз рўзҳои аввал амакдухтарашро ҷазо медод. Бечора Амонат сари кафида зери рўймолу дасти шикаста зери остин, зиндагияшро идома медод. Ду сол аз зиндагияшон гузашту ў ҳомиладор нашуд, Қурбони занакча модари ўро ёд надошта бошад ҳам, таънааш мезад, ки ту мисли модарат касалӣ ҳастӣ. Ў бачамур буду ту безурёт, ў сари амакамро хўрд, аммо ту сари маро хўрда наметавонёӣ…
Амонат фақат мегирист, хусуру хушдоманаш ҳам ба вай рўйи хуш намедоданд, ҳамин ки вақти холӣ ёфт, сари гўри падару модар ва бибияш рафта, дилашро холӣ мекард. Кор мекард ва маошашро як тин намонда оварда, ба дасти шавҳараш медод, танаш либоси хуб ва шикамаш хўроки сериро намедид, чунки шавҳараш ниҳоят хасис буд. Бахт ба рўяш хандиду ҳомиладор шуд, Қурбон ду пояшро ба як мўза андохта, ҳавлияшонро дар деҳа фурўхта, дар пойтахт як якҳуҷрагӣ харида, шаҳрӣ шуд. Ў дар сохтмонҳои ҳархела кор мекард, дар шаҳр ҳам рўзи Амонат сиёҳ буд, шавҳараш бо ҳар баҳона ўро зери мушту лагат мекашид. Ўро сархўр, сағираи бесоҳиб гуфта, таҳқир мекард. Амонат ба хотири тифлакони батнаш тоқат мекард, вале онҳо низ аз дасти падари сангдил кушта шуданд….
Оҳи сағира
Амонат ҳамроҳи кампири Нозиҳа ба хонааш даромад, Қурбон онҳоро бо қавоқи гирифта пешвоз гирифт. Кампир худашро дошта натавониста гуфт:
-Ту бача, кўдаконатро куштӣ, оқибатат ба хайр шавад.
Қурбон аз фарти асабоният рангаш канда дод зад: “гўш кунед, шумо кӣ ҳастед, ки маро насиҳат мекунед?! Ин мисли очаш бачамур, ман ҳиҷ кия накуштам!” Кампир дигар чизе нагуфта берун баромаду Қурбон мисли саг ба Амонат дарафтод, мўйҳояшро кашида ба рўяш чанд шаппотӣ зад ва ҳақоратҳои қабеҳ ба рўҳи падару модараш фиристод. Амонат аввалин бор дар ҳаёташ ба шавҳараш гап гардонида гуфт:
-Илтимос, маро ба ҳолам мон, наҳс, касофат, бачамур, ки ҳастам, ҷудо шав, баромада рав!- Қурбон ду лагади дигар ба миёни зани бемораш зада гуфт:-Ту гум мешавӣ, фаромўш накун, ин хона ба номи ман! -Қурбон “ман шаб намеоям” гуфта баромада рафту Амонат доруи таскинбахш нўшида, ба бистараш даромад.
Нимаи шаб ў аз занги телефон бедор шуд, аз беморхона занг зада гуфтанд, ки шабонгаҳ шавҳарашро дар ҷойи кораш барқ задаасту ў вафот кардааст….
Пас аз додани маъракаҳои шавҳараш, амакаш аз Амонат хоҳиш кард, ки хонаашро фурўхта, ба деҳа баргардад, аммо ў ба деҳае, ки он ҷо ҳеҷ хушбахтие надида буд, барнагашт. Ҷавонзан худашро аз нав сохт, Амонат Носирӣ ҳоло яке аз табибони шинохта, соҳиби хонаву дари обод, шавҳари меҳрубон ва чор фарзанд аст.
Чӣ фарҷоми ширине….
Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД