Arzon march 2024
  Қоқую барги зуф чоғар ва захми меъдаро шифо мебахшад
2567

 

Қоқу гиёҳи маъмули доругӣ буда, тибқи маълумоти Теофраст, ки яке аз гиёҳшиносони солҳои 372 – 287 то мелод буд, ин гиёҳ доғи кунҷитакро дур мекардааст. Абӯали ибни Сино бо оби қоқуи тару тоза истисқо (водиянка)-ро табобат мекард.

Шири қоқу гули чашмро дур карда, хунпартоиро манъ ва меъдаро боқувват мекунад. Табибони халқӣ қоқуро барои табобати илтиҳоби ҷигар ва тамоми бемориҳои вобаста ба ин узвбуда, инчунин дарди санги гурдаву масона, диабети қанд, бавосир, қабзияти меъдаву рӯда, касалиҳои пӯстро ба эътидол дароварда, ҳамчун доруи заҳрарон, иштиҳоовар ва пешоброн тавсия медиҳанд.
1988558

Ҷӯшоба ва доруҳои қоқу

Ҷӯшобаи қоқуро барои кушодани иштиҳо, қабзият ва дигар даво кор мефармоянд. Он чунин тайёр карда мешавад: барои ин як қошуқ решаи майдакардаи қоқуро дар як истакон об 20 дақиқа меҷӯшонанд ва баъди хунук шудан полида, рӯзе 2 – 4 маротиба пеш аз хӯрок ¼ истакон менӯшанд. Доруҳои қоқуро дар амалияи тибби муосир асосан чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима, иштиҳоовар ва заҳрарон истифода мебаранд. Солҳои охир муайян кардаанд, ки решаи қоқу барои шахсони гирифтори атеросклероз хеле муфид буда, меъёри муқарраршуда дар як шабонарӯз 5 грамм пеш аз хӯрок мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки барои рафъи талхии он дар намакоб 30 дақиқа нигоҳ доштан ҳатмист!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД