sebiston july new
Ҷойҳои кории холӣ дар Русия
3258

Хонандагони азиз! Бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати пайдо намудани кор дар хориҷи кишвар ёрии амалӣ расонидан, минбаъд сомонаи “Оила” рӯйхати ҷойҳои холии кориеро, ки ширкатҳои расмии бо интиқоли муҳоҷирон сарукордошта пешниҳод менамоянд, нашр хоҳад кард. Имрӯз аз ин силсила номгӯйи ҷойҳои кориро дар Русия манзуратон мегардонем, ки ҶДММ “Шариф-асри нав” пешниҳод кардааст.

1. Кор дар корхонаи коркарди шир ва фалла (твороженный цех) дар шаҳри Барнаули Русия.

Музди меҳнат 1900 рубли русӣ барои як басти корӣ. Маош дар як моҳ 2 маротиба пардохт карда мешавад. Вақти корӣ 12 соат. Парвоз аз шаҳри Душанбе ба Новосибирск тариқи тайёра ва хароҷоти минбаъдаи роҳ то Барнаул, ҳамчунин маблағи патент аз ҷониби корфармо пардохт карда мешавад. (Бо боздоштан аз музди меҳнат). Дар сурати як сол кор кардан чиптаи бозгашт аз ҳисоби корхона. Коргарон бо хӯрок ва манзилу қайди макони зист таъмин карда мешаванд.

2. Оператор-говҷӯш дар корхонаи зотпарварии шаҳри Зарайски Русия.

Музди меҳнат 1900 рубл дар як рӯз. Реҷаи корӣ: 12 соат, аз 05:30-и субҳ то 20:30-и шаб. Танаффус 3 соат: аз 10:00 то 11:30, аз 15:00 то 16:00 ва аз 17:00 то 17:30. Хароҷоти роҳ ва патенту ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби корфармо (бо боз доштан аз музди меҳнат). Коргарон бо ҷойи зист таъмин карда мешаванд.

3. Кор дар корхонаи қаннодии шаҳри Санкт-Петербург.

Маош то 60000 рубли русӣ. Реҷаи корӣ 12 соат, аз 9:00 то 21:00. Талаботҳо: чусту чолокӣ ва тозагии коргар. Хароҷоти роҳ, патент, хурду хӯрок аз ҳисоби корфармо.

4. Кор дар корхонаи истеҳсоли шарбат (сироп) дар шаҳри Санкт-Петербург.

Музди меҳнат то 50000 рубли русӣ. Реҷаи корӣ 12 соат, 2 рӯз кор, 2 рӯз истироҳат. Вазифаҳо: назорат бурдан аз рӯйи рафти ҷӯшидани шарбат ва афшурдаҳо, рехтани шакар ба зарфи шарбатпазӣ ва бо усули дастӣ омехта кардани он, назорат бурдан аз болои сифати маҳсулот ва тоза кардани дастгоҳҳо. Хароҷоти роҳ, патент ва хӯрок аз ҳисоби корхона пардохт мешавад.

5. Кор дар корхонаи дӯзандагии шаҳри Санкт-Петербург (упаковщик готовой продукции)

Музди меҳнат то 35000 рубли русӣ. Реҷаи корӣ: 2 рӯз аз соати 08:00 то 20:00 ва 2 рӯз истироҳат. Коргарон бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Хароҷоти роҳ, хурду хӯрок ва патент аз ҳисоби корфармо.

6. Кор ба сифати қаннод дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои ҷуфтҳои оилавӣ.

Талаботҳо: чусту ҷолокӣ ва тозагӣ. Реҷаи корӣ: 12 соат аз 9.00 то 21.00. Музди меҳнат аз 30000 то 60000 рубли русӣ. Коргарон бо манзили зист таъмин карда мешаванд, вале хурду хӯрок, патент ва хароҷоти роҳ аз ҳисоби худи коргар.

7. Кор ба сифати ронандаи трактор дар шаҳри Санкт-Петербург

Талаботҳо: Доштани ҳуҷҷати ронандагӣ барои рондани трактор бо категорияи С-ҳатмӣ, D ва E-бошад, боз беҳтар. Саломатии хуб.
Музди меҳнат: 67300 рубли русӣ, маош дар як моҳ 2 маротиба дода мешавад. Дар як ҳафта 6 рӯзи корӣ. Гузаштан аз комиссияи тиббӣ аз ҳисоби корхона.оҳрӯб дар шаҳри Санкт-Петербург. Музди меҳнат: 41500 рубл, маош дар як моҳ 2 бор пардохт мешавад. Дар як ҳафта 6 рӯзи корӣ.

Телефон барои тамос: 888884300 - Суҳроб Тошев, директори ҶДММ “Шариф-асри нав”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД