Ҷойҳои намоёни 10 нафар омӯзгор ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникӣ
102

10 нафар омӯзгор ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Тавре аз ин донишгоҳ хабар медиҳанд, 1 нафар дар номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ҷойи якум, 2 нафар дар номинатсияҳои «Математика» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ҷойи дуюм ва 7 нафар дар номинатсияҳои «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ», «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва «Физика ва астрономия» соҳиби ҷойи сеюм гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ аз донишгоҳ дар озмун зиёда аз 400 нафар иштирок намудаанд. Дар даври ниҳоии озмун, ки аз 21 то 25-уми октябр баргузор шуд, 13 нафар иштирокчӣ ба ин марҳила роҳ ёфтаанд, ки аз онҳо 10 нафар дар номинатсияҳои гуногун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Ба таъкиди масъулини донишгоҳ, ин дастовард натиҷаи меҳнату заҳмати софдилонаи омӯзгорону донишҷӯён буда, дар таърихи иштироки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмун як саҳифаи нави ифтихорро боз намудааст. Байни устодони ғолиб 4 нафар намояндаи факултетҳои гуногун будаанд, ки бо дониш, навоварӣ ва таҳқиқоти илмии худ саҳми арзанда гузоштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД