Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд
98

Рӯзи 1-уми ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар соли 2025 баргуор гашт.

Дар озмуни мазкур 26 нафар сазовори ҷойи якум, 52 нафар ҷойи дуюм, 78 нафар ғолиби ҷойи сеюм гашта, ба ғолибони ҷойҳои аввал мукофот дар ҳаҷми 70 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Гуфта мешавад, ки ба омӯзгорони шогирдонашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гашта низ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шудааст.

Озмун имсол аз рӯйи 8 номинатсия - математика (арифметика, алгебра), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир гашта, дар ҳар бахш вобаста ба синну сол байни хонандагони мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок доштанд. Аз ҷумла байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ Муҳаммадбасир Раҳимов, хонандаи синфи 11-и мактаби №89-и шаҳри Душанбе дар бахши “Математика”, Фаришта Раҳматуллоҳзода, хонандаи синфи 8-и мактаби №24-и шаҳри Душанбе дар бахши “Биология”, Имрон Сафарзода, хонандаи синфи 11-и мактаби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар бахши “Технологияи иттилоотӣ”, Сумая Абдуллоева, хонандаи синфи 6-и мактаби №55-и ноҳияи Восеъ дар бахши “География”, Абдулло Ҳақназаров, хонандаи синфи 11-и мактаби №60-и Душанбе дар бахши “Химия”, Муҳаммадҷон Аминов, хонандаи синфи 10-и мактаби №35-и шаҳри Душанбе дар бахши “Физика ва астрономия” сазовори ҷойи аввал гаштаанд.

Имсол низ бо сабаби набудани довталаби арзанда “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ба касе тақдим карда нашуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД