goodwell
Озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2026» дар Хуҷанд
10.08.2026
Оила
35

 Бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии «Меъмор-2026» баргузор карда шуд.

Бино бар иттилоъи хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд дар озмун 300 нафар иштирок намуд, 140 лоиҳаро дар номинатсияҳои «Биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна», «Иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ» ва «Асари меъмории донишҷӯён» пешниҳод карданд, дар баробари ин, 453 лоиҳаи беҳтарин ва макетҳои бинову иншооти таъйиноти гуногун ба намоиш гузошта шуданд.

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ – «Меъмор-2026» бо Диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД