goodwell
Пачинаи «Бискотти»
04.10.2026
Oila.tj
43

Маҳсулоти лозима:

150 грамм шакар, 120 грамм равғани маска, 50 грамм сметана, 2 тухм, 300 грамм орд, 10 грамм хокаи хамиртуруш, 2 грамм намак, 200 грамм бодоми майдакардашуда.

Тарзи таҳия:

Равғани маска, сметана ва шакарро хуб лат занед. Тухмҳоро илова карда, лат заданро идома диҳед. Орд, намак ва хокаи хамиртурушро омехта карда, тадриҷан ба хамири омодашуда илова кунед. Дар охир бодомро андохта, хуб омехта намоед. Хамири тайёрро рӯи коғази пергамент гузошта, ба шакли чӯбчаи ғафс дароред. Тафдонро то 175 дараҷа гарм кунед. Хамирро 30 дақиқа пазед. Сипас аз тафдон гирифта, хунук кунед ва ба шакли пораҳои хушкшудаи нон буред. Боз 5–7 дақиқа дар тафдон гузоред, то дохилаш низ хушк шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД