sebiston july new
Падарам писарашро оқ карду...
08.01.2023
Mahina
1154


Падарам марди сарватманд буда, барои мо - фарзандонаш ҷонашро ҳам дареғ намедошт. Бародари калониам Султонро эрка карданҳои падарам ӯро аз кӯчаи одамгарӣ баровард ва пулмасту кӯчагард шуда монд.

Бо ҷӯраҳои қиморбозаш мудом аз паси занҳо давида мегашт. Волидонам бисёр кӯшиш карданд, ки ӯро аз роҳи бад гардонанд, аммо натавонистанд. Султон на модарамро писанд мекарду на аз падарам метарсид, вай ба сари онҳо зӯрӣ карда, мудом пул мепурсид.

Мабодо пул надиҳанд, таҳдид мекард, ки хонаро оташ мезанад. Косаи сабри падарам оқибат лабрез гашт ва Султонро зада аз пой афтонду бо дасту пойи баста ба девонахона бурда хобонд, вале акаам аз Куктош ҳам фирор кард.

«Ту маро ба девонахона бурдӣ» гуфта, Султон падарамро мурданивор зад. Падарам ба ғазаб омада, писари эркаашро оқ кард. Ақли бародарам баъди «оқат кардам» гуфтани падарам ба сараш зада, бахшиш пурсид, вале аллакай кор аз кор гузашта буд.

Хулоса, падарам бародарамро аз хона пеш кард ва бо ҳамин мо дигар рӯйи ӯро надидем. Падарам Султонро оқ карда бошад ҳам, ҳушу ёдаш мудом ба писари оворааш банд буд. Оқибат аз ғами дурии ҷигарбандаш аз по афтода, ин дунёро падруд гуфт.
Акнун чашми модари бечораам дар роҳ аст, ки шояд писараш аз дар медарояд...
РОБИЯ, аз шаҳри Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД