formula
Падари қотил 25 сол равонаи зиндон шуд
908


Прокуратураи шаҳри Душанбе Гурез Саидов, сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро барои куштори духтари 12-солааш ба мӯҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, Гурез Саидовро бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тофҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин кардааст.

Гуфта мешавад, ки Гурез Саидови 67 сола соҳиби 7 фарзанд буда, 28-уми октябри соли 2022 бо мақсади харидорӣ намудани доруворӣ хостааст аз ҷайби костюмаш маблағи пулӣ гирад, вале 1000 сомониро пайдо намекунад. Ӯ духтари хурдсолашро ба дуздии пул гунаҳкор карда, шадидан латукӯб мекунад. Кӯшишҳои ҳамсар ва фарзандони дигараш барои қатъи латукӯб натиҷа намедиҳад ва мард онҳоро низ зада, аз хона меронад. Дар пайи латукӯби шадид, Мадинаи 12-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД