formula
Падари рӯзноманигор Хуршеди Атовулло даргузашт
1520

 Ато Карим (Атоуллоҳ Ниёзов) нависанда ва шоир 15-уми июли соли 1950 дар деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Баъди хатми Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент чун омўзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои миёна кор карда, соли 1978 факултаи таърихи Донишгоҳи шаҳри Хуҷандро хатм намудааст. Ба шеъру адабиёт шавқи зиёде дошта, гоҳ -гоҳе эҳсосоти худро бо шеър мегуфт. Намунаҳои ашъораш таҳти унвонҳои «Садо аз зиндон» (1998), «Ашки Ҳасрат» (1999), «Тўшаи ғарибон» (2009), «Фарёди дил» (2011), «Пули ҳаром» (2014) ва инчунин, дар якчанд маҷмўаҳои дастаҷамъӣ нашр шудаанд. Марҳум то охири умр  бо касби омўзгорӣ ба тарбияи насли наврас машғул шудааст. Бо унвони ифтихории "Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва чандин сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст. 28-уми маи соли 2020 дар арафаи ҳафтодсолагӣ аз дунё чашм пӯшид. Марҳум аз қаламкашони фаъоли ҳавзаи адабии Суғд буда, бо нашоияҳои "Фараж", "Самак", "Омӯзгор" ва дигар матбуоти даврӣ ҳамкории пайваста дошт. Ҳамаи фарзандони муаллим дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта, имрӯз барои халқу ватан хизмат карда истодаанд. Хуршед Атовулло, писари калонии Ато Карим феълан роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази теҳқиқоти журналистии Тоҷикистон" ва муассиси нашрияҳои "Фараж", "Самак" ва "Ману ту" буда, аз журналистони фаъолу маъруфи кишвар аст. Аҳли қалами сомонаи "Оила" аз марги шоир Ато Карим андӯҳгин буда, ба хонаводаи эшон сабри ҷамил мехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД