Хигиеника
Пагоҳ сел меояду обхезӣ мешавад?
306


Фасли гарм моро падруд гуфта, тирамоҳ чанд рӯзи охир бо боду борони пуршиддаташ ҳукмронии худро дар ин сарзамин эълон карданист.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои наздик вазъи ҳаво боз ҳам номусоидтар гашта, омадани сел ва обхезӣ дар назар аст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фаввқуллода рӯзҳои 26-27 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, дар як қатор ноҳияҳо (ба истиснои ноҳияҳои шарқии ВМКБ) бошиддат борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад.
Манбаъ мегӯяд, дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони вилояти Суғд (Панҷакент), Хатлон (Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин), Ноҳияҳои тобеи марказ (Рашт ва Сангвор), инчунин қаламрави ноҳияи Дарвоз омадани сел дар назар аст. Дар дарёҳои Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об имкон дорад, бинобар ин, ба сокинони маҳаллӣ тавсия дода мешавад, ки дар чунин рӯзҳои хатарнок аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва кӯҳу пушта бо мақсади ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд ва махсусан кӯдакони хурдсолро бе назаорат нагузоранд, то ки ба ягон фалокат гирифтор нашаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД