Дар вилояти Суғд дар шаш моҳи соли 2026 барои қонуншиканиҳои вобаста ба замин ва дигар ҷиноятҳо 191 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Давлатзода Ҳусейн, додситони вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки аз ин шумора 64 парванда хусусияти коррупсионӣ доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ зарар рӯёнида шудааст.
Додситони вилоят ҳамчунин гуфт, ки дар маҷмуъ дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба 50 шахси мансабдор чораҳои дахлдори прокурорӣ андешида шудаанд.
Оғози садҳо парвандаи ҷиноятӣ дар заминаи истифода ва тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин аз афзоиши таваҷҷуҳи мақомоти прокуратура ба пешгирии қонуншиканиҳо дар самти замин ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд шаҳодат медиҳад.