sebiston july new
ПАРВИНА ШУКРУЛЛОЕВА ДАР ДЕҲА "РЕКОРД" НИШОН ДОД!
4674


Пайдо шудани як навори аҷиби видеоӣ имрӯзҳо тамоми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба шавқ овардааст.

Барнома бо иштироки яке аз зеботарин ҳунармандни тоҷик, сарояндаи булбуловоз ва овозадор Парвина Шукруллоева сабт гашта, таҳиягарон ин зебосанамро, ки сирф духтари шаҳрӣ мебошад, ба деҳа бурдаанд.

Парвина, ки ба қавли маъруф “ҳафт пушташ шаҳрӣ” буда, аз даврони кӯдакӣ дар пойтахт ба воя расидааст, ба муҳити комилан дигар афтода бошад ҳам, худро гум накарда, аз ӯҳдаи нонпазӣ, алафдаравӣ, говҷӯшӣ ва дигар корҳое, ки занҳои деҳот ба сомон мерасонанд, бо сари баланд баромада, тамоми шартҳои барномаро иҷро мекунад ва бинандагонро дар ҳайрат мегузорад.

Эҳтимол мухлисони ин париваш то ин вақт ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки Парвина Шукруллоева бо ҳамон дастони нозук ва нохунҳои хеле зебояш, ки ороишашон як асари комили наққоширо ба ёд меорад, таппак карда метавонад, вале ин зебосанами хушовоз хеле чолкона таппак карда, дар рафти барнома амалан исбот намуд, ки натанҳо дар санъат, балки дар зиндагӣ низ пешсаф аст ва аз ӯҳдаи корҳои душвор низ баромада метавонад.

Ҷолибтарин лаҳзаи барнома ба хар савор шуда ба алафдарав рафтани Парвина мебошад. Вақте ки коргардони барнома Баҳриддини Сабур ин паричеҳраро ба хар савор карда, ба дасташ халачӯбро медиҳад, Парвина бо ҳайрат мепурсад:
-Это что? Для чего это?

-Ин рул,-шӯхиомез мегӯяд Баҳриддин.

-А скорость где?-Мепурсад бо ҷиддият сароянда, вале баъдан шӯхӣ кардани коргардонро пай бурда, қиқирросзанон механдад.

Дар оғоз ҷонвар ба ин зебосанам итоат намекунад, аммо дили Парвина намешавад, ки халачӯбро ба бадани хар сахттар занад.

Ҳамин тавр бо душворӣ бошад ҳам, сарояндаи машҳур аз ӯҳдаи ин шарти барнома ҳам мебарояд ва як ғарам алаф дарав мекунад. Парвина дар ҳаёташ бори аввал калимаҳи хӯрҷин ва кӯталро дар ҳамин саҳро шунида, сароғоз ба маънояш аслан сарфаҳм намеравад. Пас аз он ки чӣ будани хӯрҷинро ба ӯ мефаҳмнанд, зебосанам алави даравидаашро ба хӯрҷин андохта, ба хар бор карданӣ мешавад, вале ин кор ба ӯ ҳеҷ даст намедиҳад. Аниқтараш дили нозуки ин зани ҳунарманд ба ҳоли ҷонвар месӯзад ва “ҳайвони бечораро ин қадар азоб надиҳем” гӯён, хурҷинро худаш сари китф карда меорад.

Ба гӯсолачаҳо мисли модар бо фарзандаш бисёр бо меҳру муҳаббат муносибат намудани Парвина аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин хонуми ҳунарманд дили нарм ва раҳмгин дошта, ҷонваронро дӯст медорад...
Ҳамин тавр дар рафти барнома чеҳраи дигари Парвина Шукруллоева кушода шуда, мухлисон то кадом андоза инсони самимӣ, хоксор ва меҳрубон будани ин бонуи зебо ва ситораи ҳунарро дарк мекунанд...

Ёдрас мешавем, ки Парвина Шукруллоева Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон буда, аз замони кӯдакӣ ба ҷодаи санъат қадам ниҳодааст. Ҳанӯз дар 5-солагиаш яке азмашҳуртарин ситораҳои эстардаи ӯзбек, роҳбари бадеии ансамбли “Ялла” Фаррух Зокиров Парвинаро бо меҳр ва ихлоси зиёд “ситорачаи санъати тоҷик” номида буд.

Имрӯз Парвина Шукруллоева модари ду фарзанд-Табриз ва Амили буда, худро “зани озодӣ шарқӣ” меномад, зеро ин бонуи ҳунарманд ҷигарбандонашро дар танҳоӣ ба воя мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД