shoh palace
Парвиз Пӯлодӣ дар филми русӣ нақши асосиро мебозад
658
no-img


Ҳунармандони маъруфи синамои Тоҷикистон дар як филми ҳаҷвии нави русӣ нақши муҳоҷири ошиқро иҷро кард. Парвиз Пӯлодӣ дар филми нави русии "Лена ва адолат" нақши асосиро бозидааст.

Филм бо иштироки ҳунарпешаҳои маъруф ба мисли Анна Уколова, Александр Обласов, Виталий Кишенко, Сабина Аҳмадова рӯзи 25-уми август пешкаши ҳаводорони синамо мегардад. Дар ин филм ба ғайр аз парвиз Пӯлодӣ ҳамчунин боз як ҳунарпешаи машҳури тоҷик-Соро Сабзалиева нақш бозидааст.

Пӯлодӣ нақши як муҳоҷири тоҷики ошиқро мебозад, ки бе ягон санад ба Русия рафтааст ва ба ин далел наметавонад зиндагии шахсии худро ба роҳ монд. Ҳолаташ ба ҳадде ногувор аст, ки ҳар лаҳза метавонанд ӯро аз кишвар ихроҷ кунад.

Дар маркази филмнома- модари шуҷоъ-Лена бо се фарзанд ва ҳамҳуҷрааш Мақсуди меҳрубону тарсӯ. Ин ҷуфт даҳ сол якҷоя зиндагӣ мекунанд, хоҷагӣ пеш мебаранд ва фарзандонро тарбия мекунанд, аммо наметавонанд муносибатҳояшонр ба расмият дароранд, зеро мард шиноснома надорад.

Зан ҳанӯз ҳам орзуи тӯйи афсонавӣ, пӯшидани либоси сафеди арӯсӣ ва зиндагии хушбахтона бо фарзандону шавҳарашро дорад.
Дар ин филмнома ҳамзамон мавзуъҳои муҳим, монанди ёрии ҳамдигарӣ, эҳтиром, гуногунии маданият ва ҳамгироӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Филми комедиоӣ кори коргардон Екатерина Вешева буда, сенарияро Елена Кисёлева навиштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД