Парвози тайёраҳо дар масири Самарқанд-Душанбе қатъ шуд
109

Ширкати ҳавопаймоии “Centrum Air”-и Ӯзбекистон хати парвози тайёраҳоро байни Самарқанд ва Душанбе бастааст. Сабаби баста шудани ин хатсайрро ширкат ба набудани талабот ва кам будани мусофирон рабт додааст.

Намояндагони ширкат гуфтаанд, ки ҳатто дар давраи барқарор будани парвозҳо ҳавопаймоҳо пур намешуданд.

Ёдовар мешавем, ки хати парвози тайёраҳо дар масири Самарқанд-Душанбе-Самарқанд моҳи майи соли равон пас аз таваққуфи 6-сола барқарор шуда буд ва ҳамагӣ пас 5-6 моҳ баста шуд. Ба иттилои манбаъ, дар ояндаи наздик байни Душанбе ва Самарканд парвозҳо барқарор намешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД