formula55
Пас аз 40-солагӣ модар шудан ба зан фоида дорад ё зарар?
558

Салом! Бо шавҳари якумам 15 сол зиндагӣ карда бошам ҳам, худованд ба мо фарзанд надод. Аз ҳамин сабаб бо маслиҳати волидонамон ва хешу табор мо аз ҳам ҷудо шудем. Чанд моҳ пеш ба марди дигар ба шавҳар баромадам ва айни замон ҳомиладорам. Ростӣ сахт метарсам, зеро мегӯянд, ки баъди 40-солагӣ модар шудан барои зан хатарнок аст. Ин гуфтаҳо то куҷо ҳақиқат доранд? Дар чунин синну сол зан магар фарзанди солим ба дунё оварда метавонад?

АНОРА, аз ноҳияи Варзоб

Посух:

- Ташвиш накашед, зан баъди 35-40-солагӣ низ метавонад давраи ҳомиладориро бомуваффақият паси сар намуда, фарзанди солим ба дунё оварад. Олимон исбот намудаанд, ки пас аз чилсолагӣ таваллуд кардани зан хатарнок набуда, баръакс барои саломатиаш муфид аст. Модар шудан пас аз чилсолагӣ ба тоза ва ҷавон шудани организми зан мусоидат менамояд.

Хонумҳое, ки баъди сивупанҷ - чилсолагӣ фарзанд ба дунё меоранд, умри худро дароз мекунанд. Табибони олмонӣ тадқиқотҳои зиёде гузаронида, ба хулосае омадаанд, ки пас аз 35-40-солагӣ ҳомиладор шудан ҷараёни пиршавиро дар организми зан суст мекунад. Натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидаи онҳо нишон медиҳад, ки занҳои кӯдаки аввалинашонро дар 35-40-солагӣ ба дунё оварда нисбат ба модарони ҷавоне, ки дар 20-25-солагӣ таваллуд кардаанд, бештар умр мебинанд. Занҳое, ки баъди 35-40-солагӣ модар мешаванд, нисбат ба бонувоне, ки то 29-солагӣ чанд фарзанд ба дунё оварда, дигар таваллуд кардан намехоҳанд, ду маротиба бештар то синни 90-95-солагӣ умр медидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД