goodwell
Печутоби зиндагии як духтари деҳотӣ дар силсилафилми нави “Гулшан”
14.10.2026
Oila.tj
142

Шоми дирӯз, 13-уми октябр дар толори “Суруш” нахустнамоиши силсилафилми нави тоҷикии “Гулшан” баргузор гашт.

Филм аз ҷониби “Довфилм” таҳия шуда, печутоби сарнавишти Гулшан ном духтараки деҳотии тоҷикро нишон медиҳад, ки ба норозигии падару модараш нигоҳ накарда, бо талошҳои зиёд пайи омӯхтани илму дониш ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе меояд ва ба доми фиреб афтида, ранҷу азобҳои бисёре мекашад, вале бозиҳои талхи тақдир наметавонанд иродаи қавии ӯро бишкананд.

Силсилафилми “Гулшан” аз 90 серия иборат буда, самари заҳмати коргардони боистеъдод Муҳиддин Музаффар мебошад. Дар филм ҳунармандони машҳури тоҷик Лутфуллои Давлат, Замира Юлдошева, Малоҳат Абдуллоева ва дигарон нақш бозидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД