arzon replenishment
Пеш аз никоҳ бо арӯс мулоқот кардан гуноҳ аст?
1218

 

Ҷавони зангир ҳастам ва духтареро дӯст медорам. Мехоҳам донам, ки ҷавону духтар ҳамдигарро дӯст доранд ва муддате бо ҳам вохӯрда, пасон издивоҷ намоянд, мулоқотҳои пеш аз тӯй ва никоҳ кардаашон гуноҳ ҳисоб мешавад ё не? Илтимос, ба ин саволи банда ҷавоби аниқ диҳед!

Хонандаи “Оила”.

 Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Аз нигоҳи дини мубини ислом, марди мусалмон, агар бо нияти хонадоршавӣ ба зан ё духтаре хостгор фиристад, ҳақ дорад, ки қабл аз хондани хутбаи никоҳ як бор ӯро аз наздик бубинад ва ҳамроҳаш суҳбат кунад, то огоҳ шавад, ки арӯсшавандааш ягон айбу иллати ҷисмонӣ дорад ё не. Бо чашми баста, яъне ҳамдигарро надида издивоҷ намудан иштибоҳ аст, мабодо арӯс ё домод кар, кӯр, гунг, пес бошад ё ягон нуқсони дигар дошта бошад, ин метавонад дар оянда боиси нофаҳмӣ ва ҷангу ҷидол гардад. Шариат ба хотири пойдории оила иҷозат медиҳад, ки як маротиба никоҳшавандагон бо ҳамдигар аз наздик суҳбат намоянд, вале на дар танҳоӣ, балки дар ҳузури шахсони наздик ва марҳам. Аз Абуҳурайра (р.а) ривоят шудааст, ки як нафар хост бо Ансор издивоҷ намояд. Пайғамбар (с) фармуд, ки оё ӯро нигоҳ кардӣ? Гуфт, хайр. Фармуд, ки бирав ва ӯро нигоҳ кун, чун чашмҳои Ансор маъюб ҳастанд.Пайваста суҳбат кардан ва вохӯрдан аз нигоҳи шаръӣ мамнӯъ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД