Arzon march 2024
Пешгирии боридани жола дар Ёвону Ваҳдат
554

Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партоби 13 мушаки зидди жола дар фазои боронии ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Ёвон хабар додааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии КФ ҶТ, партоби ин мушакҳо имкон доданд аз 5 ҳодисаи резиши жола, ки метавонист саҳроҳои киштро фаро гирифта, ба кишоварзон зарар расонад, бартараф карда шаванд.

Гуфта шуд, ки ин аввалин хабари истифодаи мушакҳои зидди жола дар мавсими боронии соли ҷорӣ аз ҷониби Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мебошад ва ҳадаф аз ин дар фазо табдил додани жола ба борон аст, то ба киштзори хоҷагиҳо зарар нарасонад.

Ҳамасола дар ин мавсим барои рафъи хатари жола садҳо мушак ба фазо партоб карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД