goodwell
Пешвои миллат табибони тоҷикро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрик гуфтанд
18.08.2026
Oila.tj
111

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табибон ва кормандони соҳаи тандурустии кишварро табрик гуфтанд.

Президенти кишвар нақши кормандони соҳаи тибро дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини некӯаҳволии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз табибон на танҳо донишу маҳорати баланди касбӣ, балки масъулиятшиносӣ, меҳрубонӣ ва муносибати хуб бо беморон низ талаб карда мешавад.

Ба гуфтаи Президент, рушди босуръати тиби муосир кормандони соҳаи тандурустиро водор месозад, ки дониш ва малакаи касбии худро пайваста такмил дода, аз технологияҳои муосири тиббӣ самаранок истифода баранд.

Сарвари давлат ҳамчунин ба мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино ишора карда, табибони тоҷикро ба идомаи анъанаҳои илмию тиббии ӯ ва саҳмгузорӣ дар рушди илми тиби миллӣ даъват намуданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар фаъолияти пурмасъулияташон саломатӣ, барори кор ва дастовардҳои нав орзу карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД