Маҳсулоти лозима:
2 дона тухм, ним қошуқча намак, 1 истакон орд, 1 истакон кефир, ним қошуқча сода, 300 грамм гӯшти қиммадор, 2 дона пиёз, намаку мурч мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Кефирро бо сода омехта карда, 5 дақиқа нигоҳ доред. Сипас тухм, намак ва ордро илова карда, хуб омехта кунед. Гӯшти қимадорро бо адвиётҳои дӯстдошта, сирпиёз ва пиёзи майдакардашуда омехта кунед. Қолабро бо равған молед ва каме орд пошед. Ними хамирро ба қолаб рехта, қимаро ба рӯйи он баробар паҳн кунед. Сипас қисми боқимондаи хамирро аз болои қима резед. Қолабро дар тафдони пешакӣ гармшуда гузошта, пирогро дар ҳарорати 170 дараҷа тақрибан 40 дақиқа пазед.