Маҳсулоти лозима:
250 грамм қаймоқи турш (сметана), 110 грамм равғани маска, 1/2 қошуқча сода, 2 истакон орд, 1,5 дона лимӯ, 1 истакон шакар, 1 зардии тухм ва каме шакарқиём.
Тарзи таҳия:
Қаймоқи туршро бо сода омехта кунед. Ба он равғани гудохташударо илова намуда, лат занед. Ордро тадриҷан ҳамроҳ карда, хамири мулоим тайёр намоед. Хамирро ба ду қисми баробар ҷудо кунед. Лимӯҳоро бо пӯсташон ба пораҳо бурида, дар блендер майда кунед ва бо шакар омехта созед. Як қисми хамирро дар қолаб паҳн карда, канораҳояшро боло бардоред. Қимаро баробар паҳн намуда, қисми дуюми хамирро аз боло гузоред. Рӯяшро бо зардии тухми латзада молед ва бо чангак чанд ҷояшро сӯрох кунед. Дар ҳарорати 180 дараҷа тақрибан 30 дақиқа пазед. Пас аз хунук шудан, рӯяшро бо шакарқиём оро диҳед.