goodwell
Пироги лимӯгин
61

Пироги лимӯгин
Маҳсулоти лозима:
250 грамм сметана, 110 грамм равғани маска, ним қошуқча содаи хӯрокӣ, 2 истакон орд, 1,5 дона лимӯ, 1 истакон шакар, 1 дона зардии тухм ва каме хокаи шакар.
Тарзи таҳия:
Ба сметана содаи хӯрокӣ илова карда, омехта кунед. Сипас равғани маскаи обшударо андохта, то якхела шудан хуб лат занед. Ордро кам-кам илова карда, хамир шӯред. Агар хамир ба даст часпад, орди боқимондаро низ илова кунед. Хамирро ба ду қисми баробар ҷудо намоед. Лимӯро бо пӯсташ дар блендер майда кунед ва бо як истакон шакар омехта намоед. Як қисми хамирро дар қолаб тунук карда, канорҳояшро каме баланд бардоред. Аз болояш омехтаи лимӯиро баробар паҳн кунед. Қисми дигари хамирро болои он гузошта, канорҳоро маҳкам намоед. Зардии тухмро лат зада, ба рӯйи пирог молед ва бо чангак чанд ҷойи онро сӯрох кунед. Дар тафдони то 180 дараҷа гармшуда тақрибан 30 дақиқа пазед. Пас аз хунук шудан ба рӯяш хокаи шакар пошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД