shoh palace
Пироги мармалодӣ
548


Бонувони азиз! Дар рӯзҳои истироҳат пухтани шириниҳои лазиз ва оростани дастурхони пурнозу неъмат барои аҳли хонавода кайфияти гуворое дорад.

Аз ҳамин хотир имрӯз мо тарзи тайёр кардани пироги мармалодиро ба шумо ёд медиҳем, то истироҳатаи оилавиатон бофароғат гузарад. Маҳсулоти лозима:
100 г шакар, 150 г равғани маска ё маргарин, 1 қошуқча ванилин, 200 г сметана, 300 г мармалод, 1 қошуқча ковоккунак (ё 0.5 қошуқча сода), 300-350 г орд.
                    Тарзи таҳия:
Мармалодро миёнаҳаҷм реза кунед. Равғанро бо шакар ва ванилин лат занед.Сметанаро илова карда, нағзакак омехта намоед. Мармалодро андохта боз мезиш диҳед.Моддаи ковоккунак ва орд андохта, хамир шӯред. Ба қолаби тортпазӣ(тобаи андозааш 20×30 см) коғаз барои пухтупаз тунук карда ё равған молида, хамирро резеду ҳамвор карда, дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД