formula
Пироги себин
2134

Маҳсулоти лозима:

1/3 стакон шир, 150 г орд, 3 тухм, 3 себи сабз, 10 г моддаи ковоккунанда, 80 г равғани маска, 100 г мавиз, 50 г чормағз,

200 г шакар, 1 лимӯ.

Тарзи таҳия:

Себро пӯст карда, реза кунеду дар зарфе гирифта, ба рӯяш шарбати як лимӯро пошед, то ки сиёҳ нашаванд.

Бо миксер тухмҳоро бо шакар сахт лат занеду равғани қаблан обкардаи маска, орд, шир, намак, ванилин, моддаи ковоккунанда, пучоқи лимӯ, мавизи қаблан дар оби ҷӯшида таршуда ва чормағзро илова кунед.

Ба даруни тоба хамирро рехта, аз болояш себи резаро чида, дар тафдони тасфон 45 дақиқа пазед. Баъди хунук шуданаш пирогро аз қолабаш гирифта хокаи шакар пошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД