Arzon march 2024
“Пирола” аз “Омикрон” пурзӯртар аст?
817

 

Дар Русия коронавируси нави тамғаи “Пирола” торафт бештар авҷ гирифта истодааст. Танҳо тӯли як ҳафтаи охир 16 ҳазору 429 кас аз ин вирус сироят ёфта, 2 ҳазору 556 нафарашон ба беморхона афтидаанд.

Табибон мегӯянд, “Пирола” аз коронавируси навъи “Омикрон” пурқувваттар буда, на ҳама воксинаҳои зидди коронавирус ба он таъсир мекунанд. Бар асари ин беморӣ 30 нафар ба ҳалокат расидаанд.

“Пирола” ҳам мисли дигар навъҳои коронавирус ба зӯком монандӣ дорад, вале табибон мегӯянд, ин навъи коронавирус дар организми инсон хеле зуд паҳн гашта, пас аз 2 рӯзи сироятёбӣ нишонаҳои аввалини беморӣ пайдо мешаванд.

Нишонаҳои асосии беморӣ ба гуфти табибон маҳкам шудани бинӣ, дард ва хориши гулӯ, сулфаи хушк, хориши чашмон, дарди шадиди сар ва хастагию бемадорӣ буда, табби бемор метавонад баланд шавад. Дар одамони калонсол дарди банду буғумҳо ба мушоҳида мерасад. Дар сурати табобат накардан вирус ба роҳҳои болоии нафас таъсир расонида, дар қафаси сина дард пайдо мешавад ва нафаскашии бемор душвор мегардад.

Дар чунин ҳолатҳо фавран ба духтур муроҷиат намудан лозим аст. Бемор ба шакли сабуки беморӣ гирифтор гашта бошад, метавонад дар хона табобати фармудаи табибонро бигирад, вале ҳолаташ вазнни бошад, ӯро дар бемористон бистарӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ба хотири пешгирии беморӣ чораҳои эҳтиётӣ андешида мешаванд. Дар баъзе минтақаҳои Росссия пӯшидани ниқобҳои тиббӣ( махсусан дар беморхонаҳо) ва риояи масофаи иҷтимоиро тавсия медиҳанд.

Ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавируси нав дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба қайд гирифта шудаанд. Танҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба”Пирола”ё навъҳои дигари коронавирус ошкор карда нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки бори аввал ин навъи коронавирус охирҳои моҳи июл дар Дания пайдо шуда, олимон ба он “Пирола” ном гузоштанд. Дар муддати кӯтоҳ коронавируси нав ба дигар кишварҳо низ доман паҳн намуд. Аз ҷумла дар Штатаҳои Муттаҳидаи Амрико, Канада, Исроил, Португалия, Швейтсия , Африкаи ҷанубӣ ва Русия ин навъи коронавирус босуръат паҳн шуда истодааст. Аз ҳамин хотир, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ “Пирола”-ро зери назорати худ гирифтааст.

Олимон мегӯянд “Пирола” тақрибан 30 шакл дорад ва метавонад новобаста ба мавҷуд будани антителаҳо дар ҷисми инсон ба кас сироят намояд. Эҳтимоли ба ин навъи коронавирус камтар таъсир кардани баъзе воксинаҳо вуҷуд дорад, аммо воксинаҳое, ки барои “Омикрон” пешбинӣ шудаанд, бо “Пирола” низ мубориза бурда метавонанд.

Мувофиқи маълумотҳои расмӣ беш аз 600 ҳазор ҳамватнони мо дар қаламрави Федератсияи Россия ба ҳайси муҳоҷирони меҳнатӣ кору зиндагӣ мекунанд, бар замми ин, шумораи донишҷӯёни тоҷик низ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии Россия кам нест.

Аз идора: Мо аз тамоми зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия бо кор ё таҳсил машғуланд, хоҳиш мекунем, ки қоидаҳои пешгирии бемориро қатъиян риоя намуда, худро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД